вторник, 20 марта 2012 г.

Баҳор

وآية لهم الارض الميتة احيييناها واخرجنا منها حبا فمنه ياكلون <33> وجعلنا فيها جنات من نخيل واعناب وفجرنا فيها من العيون<34> لياكلوا من ثمره وما عملته ايديهم افلا يشكرون<35> Тарҷума: «Ва бароятон замини мурда нишона аст, онро зинда гардонидем ва аз он дона баровардем ва аз он дона мехӯранд. Ва дар он бӯстонҳо аз дарахтони хурмо ва токи ангур офаридем ва он чашмаҳои равон сохтем,то аз меваи он ва аз он чӣ,ки дастони онхо сохтааст бихӯранд. Оё шукр намекунанд?» Хар гоҳ баъд аз хомӯшии зиёд, ки олами наботот ва ҷимодот ҳама дар хоб буданд, баҳор натанҳо бедоршавӣ ва зиндашавии табиат, балки бедор шудани андеша ва маърифати инсонњо мегардад. Чунончи Шайх Саъдии бузургвор мефармояд: Барги дарахтон сабз дар назари ҳушёр, Ҳар варақаш дафтарест, маърифати Кирдгор. Баъд аз омадани баҳор ва боридани боронҳои найсонӣ табиат ва наботот ба зинда шудан шурӯъ намуда, ҳар донае, ки дар зери хок ҳаст ва ё ба хок меафтад, ба сабзиш ва рустан мепардозад. Ин ҳамаро барои нишонаи қудрат ва беҳбудии рӯзгори мардум Худованд ошкор нишон дода, бар ивазаш шукр ва сипосгузории мо бандаҳоро мехоҳад. Ин фасли баҳор барои мо яке аз қудратҳои Худовандро нишон медиҳад. Вақте инсон ба атроф нигоҳ мекунад, чӣ гуна сабз шудан ва зинда шудани дарахтони хушкида ва ҳатто хоки дар зери барфу ях сармозадаро мушоҳида месозад, ки ҳама бо гирифтани нафасҳои тозаи баҳорӣ ҷомаҳои кӯҳна ва ғамзадаи худро ба ҷомаҳои тоза ва нави идона бадар мекунад. Хамчунин сабза ва гулҳои дар зери хокбуда аз зери хок сар мебароранд, ки манзараи қиёматро ва бинанда хотиррасон месозад. Саъдии бузург ба ин маъно мефармояд: Ин баҳори нав зи баъди баргрез, Ҳаст бурҳон аз вуҷуди растaхез. عن القاسم ابي عبد الرحمان قال جاء قوم الي الداداء يطلبون العلم فوجدوه يغرس غرسا فاقبل علي غرسه فقالو يا ابا الدرداء انت صاحب رسول الله صلي الله عليه و سلم,وانت مقبل علي الدنيا, فقال سمعت رسول الله صلي الله عايه وسلم, {من غرس غرسا اجري اجري الله له اجر الله له اجر من اكل منه ناس او طائر او دابة حتي ييبس}مسند الشاميين للطبراني Қавме назди Абудардо барои талаби илм омаданд ва ӯро дар ҳоли шинондан ё коштан ёфтанд. Гуфтанд : Эӣ Абудардо! Ту саҳобаи Пайғамбар (с) ҳастиву ба дунё рӯй овардаӣ? гуфт: аз Паёмбари Худо (с) шунидам, ки гуфтанд: "шахсе, ки ниҳол ё донаеро шинонанд ва аз он мардум ё парандагону чорпоён бихӯранд,Худованд ӯро бар ивази ин ҳама аҷр медиҳад. " Дини Ислом ҳамеша тарафдор,тарғибгар ва ташвиқгари ободиву беҳбудӣ буд ҳаст ва мемонад∙ Фасли баҳор ибтидо ва оғози ободиву тозагӣ зебоӣ мебошад ∙ Дар ҳадисҳо ва ривоятҳо дар ин бора бисёр зикр шудааст,аз қабили бино намудани масҷидҳо,сохтани кӯпрукҳо,кандани чоҳҳо ва ҷӯйҳо ва чӣ тавре, ки худи Пайғамбар (с) мефармоянд: قال رسول الله-صلي الله وسلم- (سبع يجري للعبد اجرحن وهو في قبره بعد موته من علم علما او اجري نهرا او حفر بئرا او بني مسجدا او ورث مصحفا او ترك ولدا يستغفر له بعد موته)رواه البزار صحيح الترغيب 2600 كنوز السنة (7 чиз ҳacт барои инсон,ки ӯ
дар қабр ҳам бошад,савобаш барои ӯ мерасад: шахсеро илм омӯзонида бошад,ё масҷиде бино карда бошад,ё Қуръоне мерос гузошта бошад,ё фарзандоне пас аз худ монда бошад,ки барои ӯ истиғфор кунад. Ҳар мусулмоне бо нияти савобу ободӣ чӣ амалеро анҷом диҳад,барои ӯ ҳам дар дунё ва ҳам дар охират дастгир хоҳад шуд. Зеро дар ҳадиси мубораки Расули акрам (с) омадааст: Ҳар амале вобаста ба нияти он аст…

Комментариев нет:

Отправить комментарий