пятница, 1 июня 2012 г.

Роҳи хона (Очерк) Абдулқодири Раҳим

Ба пешвози мо ӯ гӯё бархост. Оре, аз гӯр. Ман аз кафан дарёфтам, ки ӯ аз гӯр бархост. Аммо ҳамчунон табассум ба лаб дошт. Агар тағйири либос мекард, ӯро намешинохтам. Бо он ки дар гӯристон будем. Аз дунболи мурғи хиёл мерафтам, ба замонҳо, ба маконҳои беғамӣ. Падарамро медидам. Досе дар даст дошт ва мегуфт: «ҳангоми дарав аст». Ман кадуи пур аз оби чашмаи зулолро барояш мебурдам. Ў менӯшид ва мегуфт: «Худо умри обро бубинӣ».
Ҳолӣ мо ўро, падарамро, ба хонаи охираташ мебарем. Дар андак замон танҳояш гузоштам. Бобои Саид мегуфт: «мурдаро танҳо нагузоред. Хосияти хуб надорад».
Не, ӯ бо дигарон буд, бо ман набуд. Балки дигарон бо ӯ буданду ман бо ӯ набудам. Аммо агар ҳам ӯро дар имрӯз танҳо гузоштам, на бо ӯ будам, дар рӯзҳое, ки рафта? Мегӯяд, ки вакт барнамегардад, монанди оби ҷуй, оби равон. Аммо чӣ сон баргашт? Ё ман баргаштам? Агар на дар асл аст, пас чӣ сон мо бо ҳамсӯҳбат кардем, аз дидори хамдигар бахра бардоштем?
Ва бобои Шайх чӣ гуна дар ҳамон сурате кӣ буд, ба пешвози мо бархост? Даҳ сол пештар буд, ки мо ӯро ҳамин гуна, ки падарамро ҳолї овардаем, ба пои дигарон, ба дўши дигарон, дар як вақт, он ҳам баъди намози пешин, овардем. Либосаш ҳиҷ тағйир наёфтааст. Ва худи ӯ низ. Табассумаш хам дигар нашудааст.
Оре, ин бобои Шайх аст. Аввалин касе, ки ба пешвози мо бархост, ӯ буд. Дигар ҳиҷ касро ҳам надидам. Ҳатто на модарамро, на бародаронамро.
Монанди бист соли пеш ба мардум мегуфт: «Намоз мехонед? Ана дидед, ранҷидед. Ман шуморо имтиҳон намекунам. Агар намоз бихонед, дар намоз мегӯед: «Иннака Ҳамиду Маҷид». Агар Кафтархона, Кафтархонаи Восеъ ки биёед, марҳамат, ҳатман моро хабар бигиред, агар номи маро фаромӯш бикунед, намозро ба хотир биёред. Мо ду бародарем; Ҳамиду Маҷид. Maн Маҷид ном дорам. Хонаи ман дар сари роҳ аст. Аввал хонаи ман аст, баъд хонаи бародарам. Аммо ӯ, ки мулло аст, номаш дар аввал омадааст. Ва низ ака Ҳамид мегӯӣ аввал. Вагарна бояд номи ман аввал меомад. Ман бародари калониям. Аммо дар шиноснома ӯ аз ман калонтар аст, ду сол. Пеш аз ман ба нафақа баромад».
Ман боз мешуморам. Оре, падарам даҳ сол пас аз бародараш оламро падруд гуфт. Ба хонаи охираташ, ки пештарак сохта буданд, менигарам. Болотар, чанд қадам дуртар аз хонаи бобои Шайх аст. Аввал хонаи бобои Шайх аст, баъд хонаи ӯ. Ман такрор мекунам: «Иннака Ҳамиду Маҷид».
Бобои Шайх, ба пиндорам, барои охирон бор унвони хонаи худро ва бародарашро ба мо дод.
Аммо, ба ростӣ, ӯ ду хона дорад. Хонаи охираташ, он қадар машҳур нест, на ҳама онро дидаанд.
Хонаи дунёияш шӯҳрат дорад. Ў ҳаст, нест дар он, фарқе надорад. Мардум меоянду овоз медиҳанд: «Хонаи шайхи Маҷид аст?» Ва баъд ҷавобро интизор намешаванду бо дилпурӣ ворид мегарданл.
Ин хона ҳамчунон обод аст, дастурхонаш кушода аст.
Аз ў якчанд, ёди нек.
Дар роҳ меистад ва мусофиронро ба хона мехонад, бар сари як пиёла чой.
— Бобои Шайх!
— Лаббай, меҳмони азиз!
— Қиссаи шайхии шуморо ҳамин раиси мо намедонад. Мехоҳад, ки...
— Э биёед, сахт нагиред. Ман шайхи асил нестам, ҳамин хел шайхҳо бисёранд. Дар баъзе маъракаҳо болонишинам мекунанд, ки шайхӣ. То мефаҳманд оммиям, ки лаълии пури гӯштбирёнро наздам мегузоранд. Дар ҷанозаҳо ҳамчун Шайх эртишпулиам медиҳанд.
— Бобои Шайх, гапро мегурезонед. Чӣ хел мешавад? Раиси мо сахт ихлосманди шумо аст, меҳмон аст. Меҳмон норизо бархезад, хуб аст?
— Ай не, не, не. Дар ҳиҷ куҷо аммо ҳикоят накунед, хайр?
— Не, бобои Шайх. Мо ин хел одам нестем.
— Э садқатон, садқаи қадамҳотон. Хуш омадед, хуш омадед. Қадами мехмон файз дорад, файз меорад. Бадбахт аст, мегӯянд, одаме, ки хонааш меҳмон намеояд. Аммо бадбахттар аз ӯ боз касе будааст, ки хонааш меҳмон меояду гиромияш намедорад, қадраш намекунад.
— Мартабаи меҳмонро медонеду...
— Хикоят мекунам, ҳикоят мекунам, ҳозир, меҳмонҳои азиз, аввал бубинам, чой доред ё не.
— Дорем, дорем, беташвиш бошед, ташвиш накашед. Аммо гапро нагурезонед.
— Не, не, садқатон, меҳмонҳои азиз! Он вақт ҷавон будам, зан надоштам. Дар миёни пахтазор духтареро бӯсидам. Як кас инро дид. Шарм кардам. Гуфтам замин бикафаду бидароям.
Бегоҳ, дар назди мардум он кас гуфт: Маҷид! Ҳикоят бикунам ё не?
— Не, не!
— Хайр барои он кор чӣ бигӯямат!
— Шайх.
Ана аз ҳамон замон ман шайх шудам, шайхи Маҷид. Ман дар асл шайхи бӯсаям, шайхи мачакам.
Бобои Шайх обмон буд, дар пахтазор. Ҳиҷ гоҳ ба кор дер намерафт ва барвақт барнамегашт. Ҳангоми нисфирӯзӣ низ дар вақти муқарраршуда ба хона меомад.
Бобои Абдулхаким як нисфирӯзӣ ба ӯ гуфт:
— Шайх! Вақт шуд акнун, биё биравем!
— Не, ҳанӯз соат як нашудааст.
— Ана ба соат бинигар, як шудааст.
— Соатат нағз кор намекунад.
— Хайр, ту аз куҷо фаҳмидӣ, ки соат як нашудааст?
— Соат як, ки шавад, хари ман ҳангос мезанад.
Пас аз чанд дақиқа, дар ҳақиқат, хар ҳангос мезанад.
Хар аз ӯ метарсид, сахт метарсид. Ӯро ки медид, гӯшҳояш рост мешуд. Чун болои он менишаст, хар дармеёфт, ки зуд бояд роҳ биравад ё оҳиста.
— Сангаҳмад!
— Чӣ мегӯй, бобои Шайх.
— Харатро мегирӣ ё не? Соҳибияш мекунӣ ё не?
— Чӣ кор кардааст?
— Замини ман медарояд.
— Э бобои Шайх, аҷаб гaп мезанӣ. Чӣ бадӣ дорад? Ана харат имрӯз ё пагоҳ хутик мезояд. Аз хари кӣ? Аз хари ман! Фоидаи кӣ мешавад? Фоидаи ту.
— Агар хари ман аз хари ту хутик бизояд, даркор нест.
Ва пагоҳӣ бобои Шайх харашро бозор бурд, фурӯхт ва нархар харид.
Хари нав харида дар як ҳафта рамузи соҳибашро омӯхт балки бобои Шайх онро ёд дод.
Пас аз ду ҳафтаву дурӯза кай Тӯтӣ дарвозаро кушоду овоз дод.
— Бобои Шайх, дар хона ҳастӣ ё не?!
- Биё, биё, Тӯтӣ! Хуш омадӣ, хуш омадӣ!
Акаи Тӯтӣ марди панҷоҳупанҷ сола аст. Бе хар ба ҳеҷ куҷо намеравад. Агар ҳамсояаш ду хона он тарафтар бошаду ӯро даъват бинамояд, ки меҳмон дорад, ҳатман харашро ҷил мекунаду савораш мешавад ва бо он меравад.
Он рӯз аммо акаи Тӯтӣ хонаи бобои Шайх пиёда омад. Дар ҳайрат афтоданд.
— Бобои Шайх!
— Лаббай, Тӯтӣ!
— Хиҷ медонӣ, ки ман ҳамшаҳрии занат ҳастам, аз Наврӯҳои Ховалингам?
— Медонам, медонам, Тӯтӣ.
— Безанӣ ҳам мушкиласт-а? Зани ту ҳам мурд, зани ман ҳам. Аммо ман ҳамшаҳрии зани ту ҳастам.
— Насиб будаст, бисёр ғам махӯр.
— Э бобои Шайх, ачаб гап мезанӣ. Чӣ хел ғам намехӯрам? Зан мурд, баъди он хар. Ана бе хар чӣ кор мекунам? Чӣ хел ба як ҷо меравам? Пойҳоям дард мекунанд, иллатиянд.
— Хайр, таќдир ҳамин хел будааст. Чӣ ҳам мекунӣ?
— Дуруст. Аммо медонӣ, ки ман барои чӣ омадам?
— Хуш омадӣ! Ку бигӯ, бишунавам!
— Омадам, ки ҳамин харатро ба ман бифурӯшӣ. Не нагӯ, илтимос! Ба хотири ҳамшаҳрии занат буданам не нагӯ.
— Тӯтӣ, чӣ хел мешавад?
— Не, нагӯ. Бисёр аҷоиб мешавад. Савоб мегирӣ. Хамин хари ту, танҳо хари ту писандам афтодааст. Фақат ӯ маро мебардорад.
— Охир ман ҳам дигар хар надорам. Азоб кашидам, Кулоб рафтам аз ҳамин Кафтархона, пои пиёда, ки ин харро харидам.
— Бобои Шайх, дари хонаат омадам, пиёда. Не, ту мара ягон бор ҳамин хел пиёда дида будӣ? Зан мурд, хар мурд.
Дили бобои Шайх ба холи ӯ месӯзад, розӣ мешавад.
— Бобои Шайх, яксаду сию панҳ нагӯ. Хамин доштагиям навад сӯмаст. Биё, розӣ шав, рӯятро Худо бинад.
— Тӯтӣ, хайр ту ҳам як фикр кун. О харро ман аз Кулоб харидам. Аз Кафтархона чӣ қадар роҳ аст медонӣ. Ман ҳам дар шаст даромадам, Тӯтӣ. Пиёда рафтам. Ҳамин қадар харидам — яксаду сию панҷ сӯм. Ягон сӯм зиёд нагуфтаам.
— Чӣ кор кунам, бобои Шайх? Ман навад сӯм дорам. Ба хотири ҳамшаҳригии занат розӣ бишав!
Бобои Шайх розӣ мешавад. Тӯтӣ дар хар савор, меравад.
— Ата, харро барои чӣ фурӯхтӣ?
Чашмони бобои Шайх пур аз об мешавад, кӯдаки ятимаш, аз ҳама хурдсолаш Назруллоҳ, ки ризо несту мепурсад.
— Бачаҷон, шунидӣ, ки гуфт; «Зан мурд, хар мурд». Боз ҳамшаҳрии очаат будааст, бори аввал ба ҳоҷат хонаамон омадааст. Барои ӯ ҳам осон нест. Одам бояд аз хонаи кас ноумед барнагардад. Мехарем, боз як хари дигар мехарем, аз ин хар хубтарашро, беҳтарашро.
Хонаи бобои Шайх дар сари роҳи мошингард аст. Он оддӣ аст, бисёр оддӣ.
Мегуфт. - «Э, мо пеш рафтем, пеш. Падарам ҳам хона дошт. Чӣ хонае буд? Оташ меафрӯхт, ки хонааш гарм шавад, аммо куҷо гарм мешуд? Он пур аз дуд мешуд. Шикоят мекардам. Падарам дар ҷавоб мегуфт: «Э зард, як гӯшаяки гӯр шикоф шаваду бубинам, ки чӣ хел хона мекунӣ. Боз хонаи маро намеписандӣ-а?».
Э ата, гӯр шикоф ҳаст, ки бубинӣ?! Бубин, бачаат чӣ хел хона сохтааст. Дудаш ба куҷо меравад, намебинӣ. Э ата, ата, бошӣ, ки бо чӯби зардолу як аловат кунаму гарм шавӣ, то бигӯӣ: «Офарин!».
Э ин хама гап аст, гап. «Меҳмони раворава ҳамин хона бас аст».
Хонаи бобои Шайх дар назди духтурхонаву китобхонаву пахтазор аст. Бемор ҳам меояд хонаи ӯву духтур ҳам. Ва низ китобхону китобдор. Обмонҳо гоҳ-гох, меҳмони хонааш мешаванд.
— Зани Холбобо! Дарвозаро кушодӣ, даромадӣ, хуб кардӣ. Ана акнун дар ҳамон ҷо биист! Бигӯ, ки дар ин чиллаи тобистон барои чӣ омадӣ?
— Атаи Холаҳмад, намемонӣ, ки меҳмон биёяд?
— Очаи Холаҳмад, кори худатро бикун. Ба кори мо шарик нашав!
Бобои Шайх ин замон дар рӯи кат нишастааст, ҳамроҳи обмонҳо. Аз дарвоза нӯздаҳ, қадам дур аст.
— Бобои Шайх, хайр пештар биоям, баъд бигӯям, ки барои чӣ омадаам.
— Майлаш, биё.
Зани Холбобо пештар меояд.
— Бобои Шайх, духтурхона омадам. Як доруро ин духтури Холмад се сӯм мегӯяд. Боз мегӯяд, ки то сӯмро надиҳӣ, доруро намедиҳам. Гуфтам: «О, Холмад, гурезӣ нестам, рӯятро Худо бинад, Холбобо ки омад, медиҳад». Не, ҳиҷ розӣ нашуд. Ин қадар сахтии одамро бори аввал дидам, бобои Шайх.
Омадӣ, ки қарз бигирӣ, зани Холбобо?!
— Ҳа.
- Медиҳам, аммо ба чанд шарт: якум ин ки пуламро, ки мегардонӣ, айнан бояд ҳамин хел бошад. Нигоҳ кун, зани Холбобо. Напа нав бошад, на кӯҳна. Сето яксӯмаро намегирам, як сесўма бояд бошад. Дуюм ин ки ман ҳолӣ дар замин туф мекунам. Туфам хушк ношуда, пуламро бояд бигардонӣ, шӯхӣ нафаҳм, пахта дар об омадааст. Мо дамгирӣ не, хӯрокхӯрӣ омадаем. Ҳамроҳонам мераванд, ман туро интизор мешавам, бояд пуламро зуд баргардонӣ.
Зани Холбобо пулро мегираду меравад. Меравад ва пас аз як ҳафта бармегардад.
— Зани Холбобо! Ин пулат намешавад, монанди пули худам нест. Пули ту навтар аст.
— Чӣ фарқ дорад, бобои Шайх, бигир!
— Не, шарт чӣ буд? Тӯфи ман хушк шуд, наёмадӣ.
— Э бобои Шайх, барои ҳамин се сӯм...
— Не, зани Холбобо! Аз ман насиҳат, якум ин ки бе иҷозати шавҳарат ба ҳиҷ куҷо нарав. Дуюм ин ки ба духтурхона, бозор, магазин, ки рафтанӣ шудӣ, бе пул марав.
Пас аз рафтани зани Холбобо Абдулҳай меояд. Абдулхай дар гузари поён хона дорад. Њазор қадам аз хонаи бобои Шайх дураст.
— Бобои Шайх, ҳастӣ ё не!
— Биё, дигар куҷо меравам? Маро аз ду ҷо меёбӣ! Хонаву пахтазор.
— Бобои Шайх, ба як кор пешат омадам. Пагоҳ Остонҷонро зан медиҳам. Дар дусад сӯм дармондем, кор пеш намеравад. Ҳиҷ кас қарз надод. Акнун пеши худат омадам.
— Э Абдулҳай, парво накун. Дорам, медиҳам.
Бобои Шайх дусад сӯм меораду рӯи дастони Абдулҳай мегузорад.
— Абдулҳай! Медонӣ, ки пулро кай бармегардонӣ?
— Не!
— Вақте Остонҷон соҳиби кӯдак бишавад. То соҳиби кӯдак нашавад, пулро наёрӣ-а!
— Хуб!
Пас аз чанд сол дар сари дастархон, замоне, ки пиёлаи чой дар даст дошт, бобои Шайх аз фарзандонаш пурсид:
Ҳамин Остонҷони Абдулҳай ҳиҷ соҳиби кӯдак шуд?
— Се кӯдак дорад.
— Ман хестам.
Бобои Шайх пиёлаи чояшро нанӯшида рӯи дастурхон мегузорад ва меравад.
— Абдулҳай! Хонаат омадам, зиндаӣ ё мурда?
— Биё, биё, бобои Шайх, зиндаам, зинда.
— Зинда, ки бошӣ, бигӯ: Остонҷон кӯдакдор шуд ё не?
— Шукри худо, сето дорад.
— Сето ки дошта бошад, бигӯ, ки шарт чӣ буд? Зуд бош! Пулро зуд биёр! То наорӣ, ман аз ҳамин ҷои нишастаам намехезам.
Бобои Шайх дар намоз аст. Ба чониби рост салом медихад ва мебинад, ки гӯсфандон ба боғча медароянд. Дар ҳамин ҳол овоз медиҳад: Ҳе, кӣ ҳастӣ?! Қурбон, Холаҳмад, Давлат, Файзулло, Соро, Саврӣ, гӯсфандонро бигардонед. Мебинед ё не?! Дар куҷоед?!
Ва баъд ба ҷониби дасти чап салом медиҳад ва Сайфуллоро мебинаду мегӯяд:
— А Сайфулло, поят бишканад, намебинӣ? Дар куҷо мегардӣ? Зуд гӯсфандонро бигардон.
Мегӯям: «Ака, о ин намоз қабул намешавад. Баъди як ҷониб салом додан гап задед».
Мегӯяд: «Дуо бикун, ки қабул бишавад. Ман як умр ҳамин хел намоз хондам. Қабул кардану накардан дар ихтиёри худаш ҳаст. Гапҳои мо ҳама беҳуда аст.
Худо ҳиҷ розӣ нест, ки ҳайвон гушна бошаду ман бо ҳузур намоз бихонам.
Корҳои мо дар пеши Худо, бачам, ҳама хандаовар аст.
Медонӣ-намедонӣ барои меҳмонҳои азиз як умр дар миёни кӯрпаҳо арақ пинҳон мекардам.
Ман намефаҳмам, ки «азиз»-ро ба кадом маънӣ мегӯяд. «Меҳмонҳои азиз, меҳмонҳои Азиз» такрор мекунам оҳиста. Азиз бародари аз ҳама хурдияш ҳаст. Чанд деҳу як шаҳр аз ӯ дуртар зиндагӣ мекунад.
Ӯ суханашро давом медиҳад, «Меҳмонҳои азиз охир аз хона нороҳат, норизо бираванд, хуб нест. Худо аз он банда шод намешавад.
Аз як домуллои машхур баъд пурсидам, ки ин корам дуруст аст ё не?
Гуфт: «Як умр барои худ гуноҳ харидаӣ». Пас аз он дигар ҳиҷ гоҳ барои меҳмонҳои азиз арақ, намехаридаму пинҳон намекардам.»
Бештар хонаи хоҳараш мерафт, хонаи аммаи Саломат. Хонаи ӯ чанд қадам поёнтар аз хонааш аст. Он ҳам то он вақт, ки зинда буд.
Як рӯз дар хонаи ӯ менишастем, чой менӯшидем. Бобои Шайх омад аз бағал як ҷуворимаккаро бароварду ба Файз рӯ овард. Гуфт: Файз! Синфи чанд мехонӣ?
Синфи ҳашт.
Хайр, боз дар Кӯлоб мехонӣ, дар шаҳр. Ба як саволи ман ҷавоб бидеҳ:
— Ҳамин ҷуворимакка ба чӣ кор меояд?
- Мо ин ҷуворимаккаро мегирем ва дар замини шудгор ҷуяк кашида мешинонем. Баъд ҳосил медиҳад, ҳосили бисёр. Баргу пояҳояшро реза карда, ба гову гӯсфанд медиҳем нахуди ҷуворимаккаро метавонем худамон пӯхта бихӯрем ё ба мурғ бидиҳем.
- Нодуруст, Файз!
- Чӣ хел нодуруст?!
- Гапро барои чӣ бисёр мекунӣ? Бигӯ, ки барои хоҷагӣ. Ана барои хоҷагӣ ман инро аз роҳи пода, аз таги пои говҳо гирифтам. Фаҳмидӣ?!
Фурсат меёфту китоб мехонд. Аз ҳама чиз бохабар буд. Аз фарзандонаш мепурсид: Мо чанд республика дорем? Канали Суетс дар куҷо аст? Европаро аз Осиё дар харита ҷудо карда метавонед?
Бо шавқ ҳикоят мекард: «Аскарӣ рафтам. Командир гуфт: «Митя! Маркази СССР куҷо аст?» Москва гуфтам. Понздаҳ республика, понздаҳ мамлакати сотсиалистиро ҳам ном бурдаму зуд ҳамаро аз харита нишон додам. Аз Евразия низ пурсид. Ҷавоб гуфтам. Масоҳати СССР-ро пурсид. Дуруст љавоб додам. Баъд хурсанд шуду гуфт: -Митя! Ту чӣ кор мекардӣ?
Гуфтам: - Колхозчӣ.
Гуфт: -Не, Митя, бовар намекунам. Ту муаллим хастӣ, муаллими география.
Э медонед, ки муаллими мо ана ҳамин Шералӣ Тӯрахон буд? То ба синфи чорумӣ. Мо ин ҳамаро ҳамон вақт медонистем. Агар ба як савол ҷавоби нодуруст медодӣ, Шералӣ Тӯрахон саратро дар тахтаи синф мезаду аз чашмат оташак мерехт. Шумо хонданро ҳам мазоҳ мекунед. Ана ту, дар синфи даҳ мехонӣ, ҷавоби ин оддитарин саволҳоро намедонӣ. Давлати Советӣ боз ба умед, ки муаллимаш дарс медиҳаду талабааш дониш мегирад. Замон дигар гашт, вайрон шуд. Шумо дар ҳалқи одам, агар бимирад, об намечаконед.
«Қассас-ул-анбиё»-ро, ки мехонданд, мегуфт: Биистед акнун, муллоҳо. Гап омад, гап. Сайфиддин, гапро набур, ки фаромӯш мешавад. Бигӯед: Мақсад аз гуфтани ин азобҳои дӯзах бо он ҳама морону оташҳои сӯзону завлонаҳо чӣ аст? Дидед. намедонед, ҷавоб дода наметавонед. Ман мегӯям: Мақсад он аст, ки ай одам, одам шав!
Осмон абр дорад, абри сиёҳ ва мехоҳад бигиряд.
Бобои Шайх бар ойина менигарад, ойинаи гирди хурдакак. Даст ба риши сафедаш ҳам мебарад ва оҳи сард мекашад.
— Э медони-намедонӣ, очаи Холаҳмад мурд. Манаҳашро худам бастам. Шаб буд. Дар ҳамин шабӣ мурдаро дар хона гузоштаму рафтам, пахтазор. Пахта дар об омада буд, обаш додаму омадам. Кор вазнин буд. Зиндагӣ ҳам, бачам, ҳамин хел зўр аст. Мурда мемирад, зинда бояд зиндагияшро давом бидихад. Марг мушкил аст, зиндагӣ аз он ҳам мушкилтар.
Як чизро аз ту мепурсам, лекин наранҷу рост бигӯ, хотирбинӣ накун. Ҳамин, ки ман бимирам, нафақаамро ба кӯдаконам медиҳанд ё не?
— Медиҳанд, ака, медиҳанд. Лекин аввал якчанд сол, як сӣ-чил сол худат бигир.... Як сол нашудааст охир.
— Ана акнун ман дигар бимирам ҳам, парво надорам. Худо бандам бигираду мӯҳтоҷи нокасам накунад. Ва ҳам мехоҳам, ки бо дасти гирову пои равон бимирам. Намехоҳам бемори бистарӣ бошам. Э он вақт фарзандат ҳам аз ту безор мешаваду бародару хешовандонат ҳам.
Бобои Шайх дар зимистон мурд, зимистон, ёздаҳуми феврали соли як ҳазору нуҳсаду наваду як. Аммо рӯз офтобӣ буд, гарм буд. Ҷанозаи хуб ёфт. Дар миёни роҳи ин ду хона аҳли деҳ, дӯстону хешовандон ранҷ накашиданд ва гуфтанд: «Дили соф, ки дошт, дар ин чиллаи зимистон ҳаворо бубин».
Мо аз гӯристон, аз назди хонаҳои охирати падарам ва бобои Шайх бо андӯҳи бузург ба деҳа меоем. Ба ҳавлии хонаи дунёии падарам мардум ворид мешаванд. Аз Қуръон чанд оятро мехонанду дуо мекунад ва мераванд. Аз забони ҳеҷ як ин мардум аммо намешунавам; «Иннака Ҳамиду Маҷид». Умеде тасаллоям медиҳад, ки ҳатман ин мардум дар намоз онро хоҳанд гуфт.
Бигӯед, эй мардум, бигӯед! Бигӯед, эй наздикон, эй дӯстон, эй хешовандон ва роҳи хонаҳои ин хар ду бародарро фаромӯш накунед ва биёед. Он ҳар ду ҳаминро чун аз шумо мехостанд.
Соли 2001

Комментариев нет:

Отправить комментарий