пятница, 15 июня 2012 г.

Худои мехрубонам


Пеш аз инхо фикр мекардам, Худо
Хонае дорад миёни абрхо.
Мисли касри подшохи киссахо,
Хиште аз алмосу хиште аз тилло.
Пояхои бурчаш аз очу булур,
Бар сари тахте нишаста бо гурур.
Мох барки кучаке аз точи у,
Хар ситора пулаке аз точи у.
Атласи пирохани у осмон,
Накши руи домани у кахкашон.
Раъду барки шаб садои хандааш,
Селу туфон наъраи туфандааш.
Дукмаи пирохани у офтоб,
Барк тегу ханчари у мохтоб.
Хеч кас аз чои у огох нест,
Хеч касро дар харимаш рох нест.
Пеш аз инхо хотирам дилгир буд,
Аз Худо дар зехнам ин тасвир буд.
Он Худо берахм буду хашмгин,
Хонааш дар осмон дур аз замин.
Буд аммо дар миёни мо набуд,
Мехрубону содаву зебо набуд.
Дар дили у дусти чое надошт,
Мехрубони хеч маъное надошт.
Хар чи мепурсидам аз худу Худо,
Аз замин, аз осмон, аз абрхо.
Зуд мегуфтанд, ин кори Худост,
Пурсу чу аз кори у коре хатост.
Об агар хурди, азобаш оташ аст,
Хар чи мепурси, чавобаш оташ аст.
То бибанди чашм, курат мекунад,
То шуди наздик дурат мекунад.
Кач кушуди даст, сангат мекунад,
Кач ниходи пой, лангат мекунад.
То хато карди азобат мекунад,
Дар миёни оташ обат мекунад.
Бо хамин кисса дилам машгул буд,
Хобхоям пур зи деву гул буд.
Нияти ман дар намозу дар дуо
Тарс буду вахшат аз хашми Худо.
Хар чи мекардам хама аз тарс буд,
Мисли аз бар кардани як дарс буд.
Мисли тамрини хисобу хандаса,
Мисли танбехи мудири мадраса.
Мисли сарфи феъли мози сахт буд,
Мисли таклифи риёзи сахт буд.
То ки як шаб даст дар дасти падар,
Рох афтодам ба касди як сафар.
Дар миёни рох, дар як русто,
Хонае дидем хубу ошно.
Зуд пурсидам, падар ин чо кучост?
Гуфт, ин чо хонаи хуби Худост.
Гуфт, ин чо мешавад як лахза монд,
Гушае хилват намозе сода хонд.
Бо вузуе дасту руе тоза кард,
Бо дили худ гуфтугуе тоза кард.
Гуфтамаш, пас он Худои хашмгин,
Хонааш инчост, ин чо дар замин?
Гуфт, оре хонаи у бе риёст,
Фаршхояш аз гилему бурёст.
Мехрубону содаву бекина аст,
Мисли нуре дар дили ойина аст.
Метавон бо ин Худо парвоз кард,
Суфраи дилро барояш боз кард.
Мешавад дар бораи гул харф зад,
Софу сода мисли булбул харф зад.
Чакка-чакка мисли борон харф зад,
Бо ду катра аз хазорон харф зад.
Метавон бо у самими харф зад,
Мисли ёрони кадими харф зад.
Метавон мисли алафхо харф зад,
Бо забони бе алифбо харф зад.
Метавон дар бораи хар чиз гуфт,
Мешавад шеъре хиёлангез гуфт.
Тоза фахмидам, Худоям ин Худост,
Ин Худои мехрубону ошност.
Дусте аз ман ба ман наздиктар,
Аз раги гардан ба ман наздиктар.

1 комментарий:

  1. бехтарин! Саломат бошед барои суханхои нек. Вокеан хам Худо мехрубон аст! Хаста набошед!

    ОтветитьУдалить