четверг, 10 марта 2011 г.

Сухани зебо


Гуфтамаш бе ту чӣ хоҳам кард?
Акси рухсораи моҳашро дод.
Гуфтамаш ҳамдами шабҳоям кӯ?
Торе аз зулфи сиёҳашро дод.
Вақти рафтан ҳамаро мебӯсид,
Ба ман аз дур нигоҳашро дод.
Ёдгоре ба хама доду ба ман,
Интизори сари роҳашро дод.
* * * * * * * * * *
Аз касе, ки дӯсташ медорӣ, осон даст накаш, шояд дигар ҳеҷ касро мисли ӯ дӯст надошта бошӣ. Ва аз касе ҳам, ки дӯстат медорад, бетафовут гузар макун. Чун шояд ҳеҷ вақт, ҳеҷ кас мисли ӯ туро дӯст надорад!
* * * * * * * * * *
Он кас, ки туро аз даст дод, киро ёфт? Ва он кӣ туро ёфт, киро аз даст дод?
* * * * * * * * * *
Одами боадаб дарвозаи дилҳоро ҳамеша кушода мебинад.
* * * * * * * * * *
Ҳиси гуруру худбини дар ҳама инсонҳо яксон аст. Тафовуташ танҳо дар чигунагии зуҳури он аст.
* * * * * * * * * *
Мардони комёб аксаран аз шикаст меваи пирӯзӣ чидаанд.
* * * * * * * * * *
Агар ҳаррӯза роҳро иваз кунӣ, ҳаргиз ба максад намерасӣ.
* * * * * * * * * *
Зиндагӣ чун гули сурхе аст пур аз баргу гул, ва пур аз атру пур аз хор. Пас агар хоҳем гул бичинем, атру хору гулу барг ҳама ҳамсояи девор ба девори ҳаманд.
* * * * * * * * * *
Don't wait for time, Make it
Don't wait for love, Feel it
Don't wait for money, Earn it
Don't wait for the path, Find it
Don't wait for opportunity, Create it
...Don't go for less, Get the best
Don't compare, Be unique
Don't fight your misfortune, Transform it
Don't avoid failure, Use it
Don't dwell on mistake, Learn from it
Don't back down, Go around
Don't close your eyes, Open your mind
Don't run for life, Embrace it...!!!
* * * * * * * * * * *
Он чӣ ҳастед, ҳадафатон набошад, балки он чӣ, ки метавонед бишаведро ҳадафатон қарор бидиҳед.
* * * * * * * * * * * *
3 роҳи осони марг вуҷуд дорад:
1: Ҳар рӯз сигор кашед, 10 сол пештар мемиред.
2: Ҳар рӯз шароб нӯшед, 30 сол пештар мемиред.
3: Касеро аз сидқи дил дӯст доред, ҳамон рӯз мемиред!
* * * * * * * * * * * *
Айби ҷомеа ин аст, ки ҳама дилашон мехоҳад, ки одами муҳиме бошанд, ва ҳеҷ кас намехоҳад, ки фарди муфиде бошад.
* * * * * * * * * * * *
Ҳеҷ гоҳ ба хотири надоштани чизе нороҳат набошед, балки ба хотири чизҳое, ки доред ҳамвора хушҳол бошед.

Комментариев нет:

Отправить комментарий