понедельник, 21 марта 2011 г.

Наврӯз муборак!



Духтари борони фасли гулбаҳор,
Бӯса мезад шишаи мошини раҳ.
Ғунчаи андӯҳи ман дар шохи дил,
Нав ба нав мехӯрд аз ғам сад гираҳ.

Имшаби наврӯзи боронии ман,
Дар сабоҳ чун бар ду чашмам хира шуд.
Дарди ишқи поки ман эҳсос кард,
Дар ғамам чун соли кӯҳна тира шуд.

Ҳамраҳам наврӯз бигрист имшабам,
Чунки наврӯзи гузашта дида буд;
Ёри гулпӯшам дар оғӯшам чу буд,
Ҳамраҳи мо шед ҳам хандида буд.

Бо ҳамон мошин, ки наврӯз омада,
Зери борон боз бо шасти тамом.
Рафт андар чустучӯйи ёри ман,
То биёрад ёрро масти калом.

Зери борон, зери шохи ғарқгул,
Мунтазири мошини наврӯзиям.
То гуландоми гулоғӯши дилам,
Боз ояд пеши ман бо дилсӯзиям.

Ҳаббазо, наврӯз чашми гирябор,
Манъ карда суръати мошинааш.
Сар ба китфам монду аз ғам бедалел,
Мисли борон хун бирехт аз синааш.

Ин ману наврӯз бо абри баҳор,
Бо ҳазорон дарду ғам бо ҳамдигар.
Ҳамчунон дар зери шохи ғарқгул

(Ин шеърро аз як блоги нафаре гирифтаам. Мутаасифона муаллифашро намедонам. Агар касе донад шод мешавам, ки ба ман фиристад.)

Комментариев нет:

Отправить комментарий