четверг, 3 марта 2011 г.

Баҳор


Инак, боз баҳор омад! Баҳоре, ки дер боз ҳама интизорӣ доштанд ва доштем. Харчанд имсол дар охири зимистон сардӣ гӯё аз нав бедор шуда бошад, ки ҳама ҷо сард аст, ин саҳар бӯи баҳор ба машомам расид. Аз роғи сардии ҳаво. Аз вазиши бод. Аз хониши паррандагон ҳангоми субҳгоҳон. Баҳор расид ва умедеро дар дилҳо зинда кард. Умеди кушоиши муғчагон ва шукуфтани гулҳо. Дар дасти писарбачагон гули сиёҳгӯшро дидам ва пайки некаш шинохтам. Пайки баҳори нек. Мегӯянд: "Соле, ки накӯст, аз баҳораш пайдост."
Оре, ин баҳорро нек дарёфтам. Бо ҳама омаданҳош. Бо барфҳои бокимонда ба паскӯчаҳо. Гурехта аз офтоби гармаки аввали баҳораш. Бо гули сиёҳгӯш ва бо вазиши боду хониши паррандагонаш.
Баҳорро ба ҳамаи Шумо азизони дилу дида муборакбод мегӯям!!! Баҳоратон ҳуҷаста бод!

Комментариев нет:

Отправить комментарий