четверг, 24 февраля 2011 г.

Таронае...


Мехостам барои аз даст доданаш гиря кунам, вале афсӯс барои ба даст оварданаш тамоми ашкҳоямро рехта будам. Ҳадяе аз гули сурх барояш фиристодам. Гуфт: -Гул барои чист? Ман, ки туро дӯст надорам. Гуфтам: -Магар ин нест, ки гулро бар руи гӯристон мениҳанд? Гуфт: -Чаро? Гуфтам: -Пас ин гулро рӯи синаат бигзор, ки гӯристони ишқи ман аст.
* * * * * * * * * * * * * * * * * * * *
Кош медонистам, пушти шишаҳои дилам кадомин ганчро чӯстучӯ мекардӣ, ки ингуна ба шикастанаш исрор мекардӣ.
* * * * * * * * * * * * * * * * * * * *
Тирамоҳ туро дидам. Зимистон ошиқат шудам. Баҳор туро аз даст додам. Тобистон месӯзам.
* * * * * * * * * * * * * * * * * * * *
Ба як нигоҳат ошиқ шудам. Барои як хандаат чон додам. Бӯсаеро чи гуна метавонам харидорӣ намоям, ки дигар ҳеч чизам намонда аст.
* * * * * * * * * * * * * * * * * * * *
Медонӣ азизам,чаро занбӯр гулро дӯст медорад? Ба он хотир, ки аз лабонаш асал мегирад. Гул барояш беҳтарин қасрро мемонад. Зебоиҳо ва хушбӯиҳои хар як қатраи оби гулро занбӯр гулоб мешуморад ва асал аз гул омода месозад. Занбӯр шӯҳрат дорад на гул. Чӣ мешавад,азизам, ки ман нақши занбӯрро бибозам? (Сайфуллох)

Комментариев нет:

Отправить комментарий