воскресенье, 13 февраля 2011 г.

Резаҳо аз ҳар тараф


Зиндагӣ гули садбарги сурхест, ки гулбаргҳояш хаёлӣ ва хорҳояш воқеиянд.
* * * * * * * * * * * * * *
Агар ишқ биварзед, мегўянд, ки сабукмағзед…
Агар шод бошед, мегўянд, ки соддалавҳу пешпоафтодаед…
Агар саховатманду навъдўст бошед, мегўянд, ки машкукед…
Агар гуноҳони дигаронро бибахшед, мегўянд, ки заиф ҳастед…
Агар итминон кунед, мегўянд, ки аҳмақед…
Агар талош кунед, ки ҷамъи ин сифотро дар худ гирд оваред, мардум тардид нахоҳанд кард, ки фиребгару ҳуққабозед.
* * * * * * * * * *
Рўзе, ки аз ҳам ҷудо шудем, як рўзи борониву офтобӣ буд. Парандагон ҳама шод буданд, аммо ман ба танҳоӣ ашк намерехтам, оре ту ҳам! Ҳар дўстӣ ҷудоӣ дорад ва ҳар таваллуд марг дорад.
* * * * * * * * * *
Гуфтам: Ѓуруби ғаматро ба ҳар баҳое харидорам, мефурўшӣ? Гуфт: Намефурўшам. Гуфтам: Чаро? Гуфт: Зиндагии бе ғам маъно надорад.
* * * * * * * * * *
Дидани лабханди онҳое, ки ранҷ мекашанд, аз дидани ашкҳояшон дардноктар аст.
* * * * * * * * * *
Ҳамеша саъй кун, бо касе дўст шавӣ, ки дилаш бузург бошад. Чун худатро барои вуруд ба қалбаш кучак накунӣ.
* * * * * * * * * *
Гуфтанд: Чиҳил шаб ҳавлии хонаатро ҷорўб кун. Шаби чиҳилумин Ҳазрати Хизр хоҳад омад. Чиҳил шаб хонаамро рўфтаму рўбидам, аммо Ҳазрати Хизр наомад. Зеро фаромўш карда будам, ки ҳавлии хилвати диламро ҷорўб кунам.
* * * * * * * * * *
Зиндагӣ мисли бозии шатранҷ аст. Агар бозӣ карда натавонӣ, ҳама мехоҳанд ёдат бидиҳанд. Ваќте ҳам, ки ёд гирифтӣ, ҳама мехоҳанд, шикастат бидиҳанд.
* * * * * * * * * *
Зиндагӣ, яъне бозӣ. Се, ду, як!.. Савти довар… Бозӣ шурўъ шуд!!! Давидӣ, дасту по задӣ, ғарқ шудӣ, дил шикастӣ, ошиқ шудӣ, бераҳм шудӣ, меҳрубон шудӣ… Бача будӣ, бузург шудӣ, пир шудӣ. Савти довар… Бозӣ тамом шуд!!!... Зиндагиро бохтӣ.
* * * * * * * * * *
Кўтоҳтарин роҳи ишқ варзидан, нигоҳе аст, ки холису бе риё тавъам бо ишқ бошад…
* * * * * * * * * *
Нигоҳатро ба касе дўз, ки қалбаш барои ту битапад. Чашмонатро ба нигоҳи касе ошно кун, ки зиндагиро дарк карда бошад. Саратро рўи шонаҳои касе бигзор, ки аз садои тапишҳои қалбат туро бишносад. Оромиши нигоҳатро рав ба қалбе пайванд бизан, ки бериётарин бошад. Лабхандатро нисори касе кун, ки дил ба замин надода бошад. Рўёатро рав ба чеҳраи касе тасвир кун, ки зебоиро эҳсос карда бошад. Чашм ба роҳи касе бош, ки туро интизорӣ кашида бошад. Аммо ошиқи касе бош, ки так-таки сулулаҳои баданаш тақаддуси ишқро дарк кунад.
* * * * * * * * * * * * *
Як лаҳза тўл мекашад, то аз касе хушат биояд. Як дақиқа тул мекашад, то якеро бипечонӣ. Як соат тўл мекашад, то якеро дўст дошта бошӣ. Як рўз тўл мекашад, то дилат барои яке танг шавад. Як ҳафта тўл мекашад, то ба яке одат кунӣ. Камтар аз як моҳ тўл мекашад, то ошиқи яке бишавӣ. Аммо як умр тўл мекашад, то фаромўшаш кунӣ.
* * * * * * * * * * * *
Духтаре аз писаре пурсид:
-Ман зебоям?
Гуфт: - На!
Гуфт: - Дўстам дорӣ?
Гуфт: -Хеч.
Гуфт: -Агар бимирам, бароям гиря мекунӣ?
Гуфт: -Асло!
Духтарак чашмонаш пур аз ашк шуду хеч чиз нагуфт.
Писар ўро ба багал гирифту гуфт:
-Ту зебо нести, Зеботаринӣ!
-Туро дўст намедорам, чун ошикат хастам!
-Агар ту бимирӣ, бароят гиря намекунам, чун ман низ мемирам.

Комментариев нет:

Отправить комментарий