вторник, 8 февраля 2011 г.

Аз ашъори Низомӣ


Дилбаре дорам, ки аз гул беҳтар аст,
Сураташ аз барги гул нозуктар аст.
Гуфтамаш: рўят бибўсам ё ки лаб?
Гуфт: ошиқ, ҳар кадом ширинтар аст.
Он қадар бўсидамаш, то хаста шуд,
Хаста аз бўсидани пайваста шуд.
Хост то лаб бар шикоят во кунад,
Лаб ниҳодам бар лабаш, то баста шуд.
* * * * * * * * * * * *
Порча аз достони "Лайлӣ ва Маҷнун" Аз Муртазо Абдулилохии Шоир.
Як шабе Маҷнун намозашро шикаст,
Бе вузўъ дар кўчаи Лайло нишаст.
Ишқ он шаб масти масташ карда буд,
Фориғ аз ҷоми аласташ карда буд.
Саҷдае зад бар лаби даргоҳи ў,
Пур зи Лайло шуд дили пуроҳи ў.
Гуфт: Ё Раб! Аз чӣ хорам кардаӣ?
Бар салиби ишқ дорам кардаӣ?
Ҷоми Лайлоро ба дастам додаӣ,
В-андар ин бозӣ шикастам додаӣ.
Нештари ишқаш ба ҷонам мезанӣ,
Дардам аз Лайлост, онам мезанӣ.
Марди ин бозича дигар нестам.
Ин туву Лайлои ту… ман нестам.
Гуфт: Эй девона! Лайлоят манам.
Дар раги пинҳони пайдоят манам.
Солҳо бо ҷаври Лайло сохтӣ,
Ман канорат будаму нашнохтӣ.
Ишқи Лайло дар дилат андохтам,
Сад қимори ишқ як ҷо бохтам.
Кардамат овораи саҳро нашуд,
Гуфтам, оқил мешавӣ, аммо нашуд.
Сўхтам дар ҳасрати як Ё Рабб-ат,
Ѓайри Лайло барнаёмад аз лабат.
Рўзу шаб ўро садо кардӣ, вале,
Дидам имшаб бо манӣ, гуфтам бале.
Мутмаин будам ба ман сар мезанӣ,
Дар ҳарими хонаам, дар мезанӣ.
Ҳоли ин Лайло, ки хорат карда буд,
Дарси ишқаш беқарорат карда буд.
Марди роҳаш бош, то шоҳат кунам.
Сад чу Лайло кушта дар роҳат кунам.
* * * * * * * * * * *
Як шабе Маҷнун ба хилватгоҳи роз,
Гуфт, эй Парвардигори бениёз,
Номам аз баҳри чӣ Маҷнун кардаӣ,
Дар ғами Лайлӣ дилам хун кардаӣ.
Мебарӣ шабҳо ба гардун нолишам,
Кардӣ аз хори мағелон болишам.
Ҳотифе гуфташ, ки эй марди ғариб,
Аз муҳаббат кардамат ин ғам насиб,
Айби Лайлӣ нест, ин кори ман аст,
Ҳусни хубон, акси дидори ман аст.

Комментариев нет:

Отправить комментарий