понедельник, 7 февраля 2011 г.

Хонаи дӯст


Ман дилам мехоҳад
Хонае дошта бошам бари дӯст.
Кунҷи ҳар девораш
Дӯстҳоям бинишинанд ором.
Гул бигӯ, гул бишунав.
Ҳар касе мехоҳад
Вориди хонаи бар ишқу сафоям гардад.
Як сабад аз гули сурх
Ба ман ҳадя кунад.
Шарти ворид гаштан
Шустушӯи дилҳост.
Шарти он доштани
Дили берангу риёст.
Бар дараш барги гуле мекӯбам,
Рӯи он бо қалами сабзи баҳор
Менависам: Эй ёр!
Хонаи мо ин ҷост!
То ки Сӯҳроб напурсад дигар:
«Хонаи дӯст куҷост?»

Комментариев нет:

Отправить комментарий