воскресенье, 6 февраля 2011 г.

Шеърҳо дар бораи ҳиҷоб


Беҳиҷобо!

Бе ҳиҷобо! Ки ба сад ишваву ранг омадай.

Магар аз иффату озарм ба танг омадай.

Чи бадй дидй зи оёти Худованди Раҳим,

Ки ту бо мазҳаби ислом ба ҷанг омадай.

Ин гуноҳи аланй аз ту мусалмон зиштаст,

Ту хуш, ки чунин шуху қашанг омадай.

Хукми сатри ту хоҳарам, ҳукми Худост,

То нагўй, ки ба сарсому ҷафанг омадай.

Исмату дин ҳама додй барбод,

Ки ту бечодару бо домани танг омадай.

Дил ба дарёи ҳавасҳо задай, ғофил аз ин-к,

Туъмае ҳастию дар коми наҳанг омадай.

Ту чунон сайдиву сайёд ҳаваси дар паи ту,

Аз чй дар маърака тиру хаданг омадай.

Чунки будаст ҳиҷобат сипари тири нигоҳ,

Пас чаро бесипар, эй ғофил ба ҳанг омадай.

Ту гуле ҳастиву гулчини ҳавас карда камин,

Шишае ҳастиву дар маърази санг омадай.

Бувад тақвои ту з-ин маъракаҳо пои гурез,

Аз хатар чун бигурезй, ки ту ланг омадай.

Раҳбарат ишқу вафо буду кунун нафсу ҳавост,

Нўш будй, ту чаро заҳру шаранг омадай.

Бубарад густохии шаҳват ҳама ширинии ишқ,

Эй ғазол, аз чй ту бо хўи паланг омадай.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Эй зан! Ба ту аз Фотима ингуна хитоб аст:

Арзандатарин зиннати зан ҳифзи ҳиҷоб аст.

Фармони Худо, ҳукми Расул, насси Китоб аст.

Аз баҳри занон, афзаи тоъот ҳиҷоб аст.

Комментариев нет:

Отправить комментарий