среда, 2 февраля 2011 г.

Охирин фиреб (Нодири Нодирпур)

Гар охирин фиреби ту, эй зиндагӣ, набуд,
Сад бор то ба ҳол, раҳо карда будамат.
З-он пештар, ки боз маро сўи худ кашӣ,
Дар пеши пои марг, фидо карда будамат.

Ҳар бор, к-аз ту хостаам барканам умед,
Оғўши гарми хеш ба рўям кушодаӣ.
Донистаам, ки ҳар чӣ кунӣ ҷуз фиреб нест,
Аммо дар ин фиреб, фусунҳо ниҳодаӣ.

Дар пушти парда, ҳеҷ надорӣ ҷуз ин фиреб,
Лекин ҳазор ҷома бар андоми ў кунӣ.
Чун аз малоли рўзу шабат хотирам гирифт,
Ўро талаб куниву маро роми ў кунӣ.

Рўзе ниқоби ишқ ба рухсори ў ниҳӣ,
То нуре аз умед битобад ба хотирам.
Рўзе ғурури шеъру ҳунар номи ў кунӣ,
То сар бар офтоб бисоям, ки шоирам.

Дар доми ин фиреб, басе дер мондаам,
Дигар ба узри тоза набахшам гуноҳи хеш.
Эй зиндагӣ! Дареғ, ки чун аз ту бигсалам
Дар охирин фиреби ту ҷўям паноҳи хеш!
Теҳрон – аввали урдубиҳиштмоҳи 1333

Комментариев нет:

Отправить комментарий