суббота, 29 января 2011 г.

Девона (Нодири Нодирпур)


Шабах, как-кам, ќадам охистатар кард,
Нигохаш лои торикй дурахшид.
Садои ѓурриши боде, ки бархост,
Шабахро изтиробе тоза бахшид.

Дарахтон синахо бар хам фишурданд,
Нафасхо мунчамид шуд дар гулўхо.
Гахе метофт чашми як ситора,
Гахе мебаст чашм аз чустучўхо.

Насими сарду хузнолуди пойиз
Фурў мерафт дар барги дарахтон.
Дарахт аз дард менолиду мехонд,
Ба гўшам достони тирабахтон.

Шаби махтобрав, хомўшу махзун
Макон дар кўчаи махтобрав дошт.
Ними махтоб бо торикии хушк
Ниме чўшиду бо ў гуфтугў дошт.

Фурўѓи мох, аз лои дарахтон
Замину сояхоро хол мекўфт.
Чу бар деворхои кўча метофт
Сиёхй мезудуду соя мерўфт.

Хаво аз бас, ки рўшан буду шаффоф,
Намеосуд мох аз рахнавардй.
Намоён буд парвози фаришта
Дар аъмоќи сипехри лочувардй.

Садое аз бахам соидани бол
Ба гўшам мерасид аз осмонхо.
Насими дилкаше аз чунбиши пар
Ба бозй буд бо танхову чонхо.

Хазорон тан зи ашбохи хаёлй
Дар он торикии шаб медавиданд.
Хурўси нимашаб к-аз дур мехонд,
Садояшро харосон мешуниданд.

Ба боми хонае дар печи кўча
Шабоханги парешон месароид.
Чароѓе дар утоќи хона месўхт,
Вале кам-кам ба хомўшй гароид.

Шабах, наздиктар омад, ба дар зад,
Садои дар, танин дар хона андохт.
Ба оханги садо бедор шуд мох,
Нигохе хира бар девона андохт.

Хаёху дар сукути хона кам шуд,
Вале аз он, садое барнаёмад.
Касе аз пушти дар, чизе напурсид,
Саре хам аз миёнаш дарнаёмад.

Шабах, лахте таваќќуф карду он гох,
Ба дар, як бори дигар, сахттар зад.
Садои пое аз дахлез бархост,
Касе аз пушти дар, дасте ба дар зад.

Шабах, бо чобукй аз кўча бигрехт,
Сипас дар печи торикаш нихон шуд.
Саре аз лои дар, дар кўча хам гашт,
Нигохаш дар сиёхихо равон шуд.

Садои «Кист?», руъбангезу сангин,
Касеро дар сиёхй чустучў кард.
Чу боди шўху бозигўш хандид,
Садои бадгумон, дунболи ў кард.

Даруни кўчаи хомўш, танхо,
Насими мехр, барг аз шоха мечид.
Чу марди даркушо, дарро фаро баст,
Садои хандае дар кўча печид!
Техрон-27 мехрмохи 1326

Комментариев нет:

Отправить комментарий