пятница, 21 января 2011 г.

Шахри рамазон


Шахр аз фарози бом, хувайдост;

Пойиз баргхои дарахтонро
-Бо дастхои ларзон авроќ - кардааст,
Чашмаш ханўз дар пайи хар барг медавад.
Борон, навори пахни хиёбонро
Чун кафши обиронаш Буроќ кардааст
В-аз хар ду сўй, хошияи ин наворро
Дандони баргхои хазон хўрда мечавад.
Анвои сусакхои фулўзин бар ин навор
Хамвора аз ду сўй равонанд:
Ин рахравони зиндаи бечон,
Бо чашмхои гирди дарахтон,
Бо шохахои нозуки нурони,
Беэътино ба одамиёнанд.

Ман аз фарози чатри дарахтон
-Хамрохи ин навор – нигохамро
То дур мефиристам:
Он чо, ки хонахои пароканда.
Монанди чўъбахои пури кибрит
Дар панчаи хариќи хазонанд.
Он чо, ки нурхои паси парда
Сигорхои шомгахонанд.
Он чо, ки рўшноии чашмакзани чароѓ
Сарфасли рафтан асту сароѓози огахи.
Он чо, ки умри одамиву ќомати дарахт
-Дар пешгохи манзалати осмонхарош-
Рў мениханд аз сари хичлат ба кўтахи.
Он гах, ман аз фарози дарахтони дурдаст
Бори дигар ба сўи худ орам нигохро
Дар остон, назора кунам шомгохро-
Бинам, ки зери бориши абри сиёхи маст,
Шахр аз садо пур аст, вале аз сухан, тињї.
Бонги азон ба гунбади афлок мехўрад
Аммо, каломи Хак
Дар инзивои хонаи ман хок мехўрад…

Комментариев нет:

Отправить комментарий