пятница, 14 января 2011 г.

Шеъре аз Нодирпур


Пайкартароши пираму бо тешаи хаёл,
Як шаб туро зи мармари шеър офаридаам.
То дар нигини чашми ту накши хавас нихам,
Нози хазор чашми сияхро харидаам.

Бар коматат, ки васвасаи шустушу дар уст,
Пошидаам шароби кафолуд, мохро.
То аз газанди чашми бадат эмини дихам,
Дуздидаам зи чашми хасудон нигохро.


То печу тоби кади туро дилнишин кунам,
Даст аз сари ниёз ба хар су кушудаам.
Аз хар зане, тароше тане вом кардаам,
Аз хар каде карашмаи раксе рабудаам.

Аммо ту чун буте, ки ба бутсоз нангарад,
Дар пеши пои хеш ба хокам фикандаи.
Маст аз маи гуруриву дур аз гами мани,
Гуи дил аз касе, ки туро сохт, кандаи.

Хушдор! З-он, ки дар паси ин пардаи ниёз
Он буттароши булхаваси чашмбастаам.
Як шаб, ки чашми ишки ту девонаам кунад,
Бинанд сояхо, ки туро хам шикастаам!
(Техрон, 22 озармохи 1336)

Комментариев нет:

Отправить комментарий