суббота, 29 января 2011 г.

Нигоҳе бар шомгоҳ (Нодири Нодирпур)


Борони бомдоди куҳансолӣ
Аз мӯи ман, сиёҳии шабро зудудааст.
Аммо ба таъна, даст намешӯяд аз сарам,
Зеро ҳанӯз ёди саҳаргоҳи кӯдакӣ
Хамчун ғубор мегузарад аз баробарам.
Чашме, ки дурбини дарунам буд,
Омодаи гирифтани тасвири тоза нест.
Зеро навори хоми хаёлам, ба ногаҳон
Аз офтоби пирии ман, нури дида аст.
В-он нур бар навор
Дуздона, сояҳои сиёҳ офаридааст.
Оё шунидаӣ, ки ба якбора рӯшанӣ
Зоте дигар пазираду торикӣ оварад?
Оре, нигоҳ кун:
Рӯзи ҷаҳон, шабест, ки дар зулматаш ҳанӯз
Ин чархи роҳзан
Дандони тобноки маро аз даҳони ман
(Чунонки аз даҳони сухансози Рӯдакӣ).
Чолоку моҳирона ба тороҷ мебарад.
В-он гаҳ, лабони ман
-Хунину талх, чун ласаи холии анор-
Дар орзуи ҷустани дурдонаҳои хеш:
Лабханд мефурӯшаду андӯҳ мехарад.

Акнун дар ин утоқ, ки айвони кӯчакаш
Роҳе ба боғи хотира меҷӯяд,
Дур аз ғубори сабзи дарахтон нишастаам.
Ин ҷо, сипеҳри тираи ғурбатро
Чун сояи ғуруб ба сар дорам.
Зоғе, ки бар фарози сарам бол мезанад:
Андешаи сиёҳи кухансолист.
Боде, ки аз каронаи уқёнус
Бар гунаҳои ин шаби намнок мевазад,
Гӯӣ, ки саргузашти ҷаҳон аст.
(Донам, ки қасди бод, расидан нест,
Зеро ба сӯи ҳеҷ, равон аст.)
Аммо, дар ин сукути шабоҳангӣ
Ман, ҳамчунон ба замзамае гўш мекунам,
К-аз жарфнои ойина, ҳушдор медихад:
Мо: Солхӯрдагони сафаркарда
Дар раҳгузори бод, кам аз баргем.
Мо: Зинда нестем, Худовандо!!
Мо: Зиндамондагони пас аз маргем…
Лос-Анчелес – Августи 1990

Комментариев нет:

Отправить комментарий