понедельник, 3 января 2011 г.

Оромиши дил

Гохе худ ба худ меандешам: "Ачаб дунёст ин дунё." Як шодмоние ба дил меояд, ки боз хабари гамангезеро мешунавиву калбат норохат мешавад. Ё худ ба худ ким-чи эхсоси нооромие калбатро фаро мегирад.
Ин хама албатта хамин дунёст, ки моро саргарми худ месозад. Ин зиндагист, ки саросар гаму андуху шодиву ... бо хам тавъаманд. Тазодхои зиндаги рангину олудаи дарду шодмониву эхсосоти гуногун аст. Зеро Офаридор хамин гунааш офарида.
Аз он руз, ки ин дунё ба пост. Аз он руз, ки Одам (а) ба руи он оварда шуд, дунё хамин гуна аст. Ва хамин гуна хохад буд.
Пас чи бояд кард, то аз ин гаму дард, аз андухи бехуда рахо шуда, даме хам бошад, нафаси осуда кашем? Чавобро хеле хам мехохем ва хама чустучу мекунем. Яке даст мебарад ба китобхои равоншиноси ва худро мехохад таскин ба суханони равоншиносон дихад. Дигари даст ба корхои хароме аз кабили зинову кимор мезанад ва мегуяд:"дунё як дам аст, чизе метавони бахра бигир." Савуми факат хасрат мехурад. Чахоруми... панчум...
Аммо максад аз ин хама чустучухо як чиз аст. Он хам оромиши дил. Оромиши хотир. Оромиши андеша. Ва ин чавобро, ки Офаридгори олам зиёда аз хазору чорсад пеш дар китоби фиристодааш - Куръони карим чун доруе гузошта аст, мутаассифона на хама кас медонанду хабар доранд. Иддае дигар хам медонанду фаромуш мекунанд. Ин ояи сураи муборакаи "Раъд" аст, ки мефармояд: "Ало бизикриллохи татмаиннул-кулуб." тарчума: "Огох бошед, ки дилхо ба ёди Худо ором мегиранд."
Пас давое, мо мечуем ин зикри Хак аст. Зикр ба ин маъни, ки хама чиз офаридашуда ва кисматшудаи Парвардигори олам аст. Шукр бояд кард ба хама неъматхо ва додахои У. Танхо дар сурати шукр ба неъматхо ва сабр бар балохо дил ором мегираду медони, ки ин чахон чунин сохта шуда ва давом мёбад. Факат барои хушбахти талош бояд карду хамаро аз чониби Худованд бояд дид. Зеро ашхоси дур аз ёди Худо ноогохона ва гофилона коре мекунанд, ки на хайре дар дунё барояшон дорад ва на бахрае дар охират.

Комментариев нет:

Отправить комментарий