вторник, 29 мая 2012 г.

Гурӯҳи 99-ум


Подшоҳе, ки ба як кишвари бузург ҳукумат меронд, боз ҳам аз зиндагии худ розӣ набуд, аммо худ намедонист, ки сабаб дар чӣ бошад.
Рӯзе подшоҳ дар қасри худ қадам мезад. Ҳангоме, ки аз назди ошхона мегузашт, садои сурудхониро шунид. Ба дунболи садо, подшоҳ мутаваҷҷеҳи як ошпаз шуд, ки дар чеҳрааш хушбахтӣ ҳувайдо буд.
Подшоҳ бисёр ҳайрон шуда пурсид: - Чаро ин қадар шод ҳастӣ?
Ошпаз чавоб дод: - Ман фақат як ошпаз ҳастам, аммо талош мекунам, то зану бачаамро шод кунам.
Мо як хонае дорем, ки дар он ба андозаи кофӣ хӯроку либос дорем. Аз ин хотир ман розӣ ва хушҳол ҳастам.
Пас аз шунидани сухани ошпаз, подшоҳ бо вазири худ дар ин хусус сӯҳбат кард. Вазир ба подшоҳ гуфт:
- Он ошпаз то ҳол узви гурӯҳи 99-ум нест! Агар у ба ин гурӯҳ напайвандад, нишонгари он аст, ки марди хушбине аст.
Подшоҳ ба тааҷҷуб пурсид: - Гурӯҳи 99-ум чӣ гуна гурӯҳест?
Вазир посух дод: - Агар мехоҳед донед, ки гурӯҳи 99-ум чист, бояд ин корро анҷом диҳед:
- Як ҳамён сиккаҳои тиллоро, ки дар он 99 сиккаи тилло бошад, дар пушти дари хонаи ошпаз бигузоред.
Ошпаз пас аз анҷоми корҳо ба хона баргашт ва дар назди дари худ ҳамёнро дид. Бо тааҷҷуб ҳамёнро ба хона дароварда боз кард. Бо дидани сиккаҳои тиллои аввалан хеле ҳам дар ҳайрат шуду сипас аз шодии зиёд намедонист чӣ кор кунад. Ошпаз сиккаҳои тиллоиро рӯи миз гузошту ба ҳисоб кардан шурӯъ кард. 99 сикка баромад. Ошпаз фикр кард, ки иштибоҳе рух додааст. Борҳо тиллоҳоро шумурд, вале боз ҳам 99 сиккаи тиллоӣ буд!
У тааҷҷуб кард, ки чаро танҳо 99 сикка асту 100 сикка нест. Фикр кард, ки як сиккаи дигар куҷост ва шурӯъ ба кофтукоби сиккаи садум кард. Утоқҳо ва ҳатто ҳавлиро зеру рӯ кард, аммо хаставу кӯфта шуда, ноумед ба ин кораш хотима дод.
Ошпаз бисёр дилшикаста шуд ва тасмим гирифт, ки аз фардо бисёртар талош кунад, то як сиккаи тиллоии дигаре ба даст ораду сарвати худро ҳар чӣ бештар ба сад сиккаи тиллоӣ расонад.
То дер вакт фикр кард, ба ҳамин хотир, субҳи рӯзи дигар аз хоб дертар бедор шуд ва аз ҳамсару фарзандаш интиқод кард, ки чаро ӯро барвақттар бедор накарданд. Ошпаз мисли пештара дигар хушҳол набуд ва суруд намехонд, ӯ фақат ба ҳадди тавон кор мекард.
Подшоҳ намедонист, ки чаро ин ҳамёни тилло чунин балое ба сари ошпаз оварда аст ва сабаби онро аз вазир пурсид. Вазир чавоб дод:
- Ҳоло ин ошпаз расман ба гурӯҳи 99-ум даромадааст.
Аъзои гурӯҳи 99-ум касонеанд, ки онон зиёд доранд, аммо розӣ нестанд.




1 комментарий:

  1. Бо дода каноат куну дилшод бизи!
    Гохе меандешам ба рости, бисёр дар зиндаги болову поён мезанем худро барои зиндагии бехтар ва он хам ачиб, ки на барои худ. Барои расидан ба хостахое, ки эхтиёчи дигаронро бароварда сохтан. Ва чун ба чанозае меравем, мебинем хамаги як кафана мепечонанду дигар хеч... Чи хам аз ин дунёе, ки хама матоаш "срок годности" дорад мебарем?
    ответить(с цитатой)

    ОтветитьУдалить