среда, 23 мая 2012 г.

Нигоҳи нек дошта бошед!



Зане чун ҳар субҳ аз хоб бармехест, ба назди тиреза рафта ба берун менигарист. Дар рӯ ба рӯи пешайвони онхо, ки дар ошёнаи боло зиндагӣ мекарданд, оилае зиндагӣ мекард, ки кӯдакдор буданд ва тифоқан табиист, ки хонуми он хона ҳар рӯз қариб либос мешуст.
Зан мерафт назди тиреза ва нигоҳ мекарду мегуфт: "Чи қадар бад либос мешуяд, либосҳояш ҳамагӣ тоза ношуста аст. Бин чи қадар догҳо дорад, ки нарафтааст."
​​Ӯ бад-ин тартиб чанд рӯз хамин суханро такрор мекард. Рӯзе барвақт мард бархесту тирезаро аз ҳар ду тараф покиза кард, ки дигар берун озодона дида мешуд. Зан чун аз хоб бедор шуд, тибки одат ба назди тиреза рафта нидо кард: "Ваҳ! Ана нав шустанро ёд гирифтааст. Бин, чи қадар пок шустааст имрӯз."
Мард гуфт: "На. Ин ту ҳастӣ, ки нигоҳи галат доштӣ. Ман ин субҳ тирезаро пок кардам. Айб дар либосҳои он зан не, дар тирезаи пок нокардаи туст."
______________________________________________
Ба ҷаҳон бо нигохи нек, бо покии даричаи дил нигаред! На ҳар он чизе, ки ба назар метобад, ҳақиқати он аст.
______________________________________________

>

Комментариев нет:

Отправить комментарий