пятница, 25 мая 2012 г.

Суханҳои зебо ва пандҳои дилнишин



Ҳар вақт аз даст додани касе ё чизе нороҳат шудӣ, як лаҳза ба набуданаш, ё надоштанаш фикр кун!..
* * * * * * * * * * *
Касе бош, ки умре бо ту будан як лаҳза, ва аммо лаҳзаи бе ту будан як умр бошад.
* * * * * * * * * * *
Чӣ қадар сахт аст, ҳамранги ҷамоат шудан, вакте ки ҷамоат худаш ҳазор ранг аст...
* * * * * * * * * * *
Арзонтарин ва зеботарин ороиш барои чеҳраи инсон лабханд аст.
* * * * * * * * * * *
Эй инсон! Бимон барои сохтан ва бисоз барои мондан...
* * * * * * * * * * *
Масхаратарин саволе, ки аз дигаре мепурсӣ, ин аст, ки: "Метавонам ба ту бовар кунам?"
Дар таърих ҳатто як мавриди "не" гуфтан ҳам наомадааст.
* * * * * * * * * * *
Худоё! Ба бузургии он, чӣ маро додаӣ огоҳам кун, то ба кӯчакии он, чӣ надорам, маро ноорому парешонхотир нагардонад!..
* * * * * * * * * * *
Зиндагии худро ҳамчун гули сурхе бисоз, ки дар сукут ба забони атр сухан гӯяд...
* * * * * * * * * * *
Ишқ ба монанди соати регӣ аст, ки чун қалбатонро пур кардан мегирад, мағзи сари шуморо холӣ мекунад. (Алберт Эйнштейн)
* * * * * * * * * * *

Нобино ба моҳ гуфт: "Дӯстат дорам!"
Моҳ гуфт: "Чӣ гуна? Ту, ки намебинӣ."
Нобино гуфт: "Чун намебинамат, дӯстат дорам."
Моҳ гуфт: "Чаро?"
Нобино гуфт: "Агар медидамат, ошиқи зебоият мешудам, вале ҳоло, ки намебинамат, ошиқи худат ҳастам."



* * * * * * * * * * *
То тавонӣ дар ҷаҳон бо мардумон якранг бош,
Қолин аз сад ранг будан, зери по афтодааст.
* * * * * * * * * * *
Дар гулзори ҷаҳон гуле, ки месӯзаду гулоб мешавад, некбахттар аз он гулест, ки рӯи хоре рӯида,ду рӯзе мемонаду сипас пажмурда мешавад.
* * * * * * * * * * *
Касе, ки дар баробари Худованд зону мезанад, метавонад дар баробари ҳар каси дигаре истодагӣ кунад!..

Комментариев нет:

Отправить комментарий