вторник, 1 мая 2012 г.

Таронахо аз Абдулкодири Рахим




Гуфтам: Бигу, хазор бор бигу, эй ёр, ки дустат медорам. Ва у сад хазор бор гуфт, ки дустат медорам, аммо боре хам дустам надошт.

* * * * * * * * * * * * * * * *
У пас аз хазор соли чудои мехохад хамчунон бигуям, ки дусташ медорам. Мегуям, хазор бор мегуям, аммо ба ин хакикат намехохад боре хам бовар бикунад.

* * * * * * * * * * * * * * * *
Гуфтанд, ки у одами бадест. Ва ман бовар накардам. Болои боми у кабутар менишаст охир. Кабутари сафед.

* * * * * * * * * * * * * * * *
Модарам мегуфт: "Чони модар! Хар сахар, ки пеш аз тулуи хуршед аз хоб бархости, дарвозаро бикушо. Оре, дарвозаро бикушо, то бахт вориди хонаат бишавад".
Ва ман мекушодам. Мекушодам ва духтараки гулфурушро медидам, ки ба огуше пур аз гул мерафт. Мерафт ва бахт ба руи гулхои у механдид.
Пас аз ин духтараки гулфурушро чавоне ба дехе дур бурд. Ва ман, ки дарвозаро мекушодам, на гулро медидам, на духтараки гулфурушро, на бахтро. Факат офтобро медидам, ки бо диле пурхун чун ман аз огози рузи нав хабар медод.

* * * * * * * * * * * * * * * *
Гул хамон як буи ошно дорад.

* * * * * * * * * * * * * * * *
Агар гул умри дароз медошт, бевафоаш намехонданд.

* * * * * * * * * * * * * * * *
Мо дар ин умри кутох расми хандиданро аз гул наомухтаем.

* * * * * * * * * * * * * * * *
Холиё шишаи тирезаамро пиразане бо ангуштони ларзон мезанад ва мепурсад: "Хонаи шоир аст?"
Ман дармеёбам ,ки у аст ва пас аз хазор соли чудои ба сурогам омадааст, аммо ачаб, хамчунон шоирам мехонад, на ошик.

* * * * * * * * * * * * * * * *
"Ишк оташест" - гуфт у.
Оре, замоне гуфт, ки ман хокистар шуда будам.
* * * * * * * * * * * * * * * *
Тарона менависам ва баъд онро месузам. Аммо тарона кай мисоли ёр месузад, кай мисоли агёр?
* * * * * * * * * * * * * * *
Бо ситора метавонам аз ту роз бигуям, аммо намегуям.
Бо мох метавонам аз ту роз бигуям, аммо намегуям.
Бо хуршед метавонам аз ту роз бигуям, аммо намегуям.
Рашк мебарам охир ва хам метарсам, ки аз дастат медихам.
* * * * * * * * * * * * * * *
Гами ёр, ки дар канори ман аст, мегуяд: Шод бош, ки у дар канори дигаре шод аст.
* * * * * * * * * * * * * * *
Ба ваъда чун нигор вафо накард, хайрон нашудам. Хайрон мешудам, агар ба ваъда вафо мекард.
* * * * * * * * * * * * * * *
Фалак туро аз ман чудо кард. У низ аз ошикони туст?
* * * * * * * * * * * * * * *
Нигорам гуфт: таронае бароям бигу.
Гуфтам: дустат медорам.
Ранчиду рафт. Надонист, ки бехтарин таронаамро барояш гуфтам...

Комментариев нет:

Отправить комментарий