четверг, 10 мая 2012 г.

Гамамро дар боронхо шустам. Чуз шурии ашкам чизе намонд.
* * * *
Пас аз солхои чудои, уро аз сафхаи интернети Facebook пайдо кардам. Ва "добавить в друзья"-ро пахш кардам. Аз "Facebook" чавоб омад: "Вы действительно знаете ..." Аз алам сахт гиристам...
* * * *
"Омаданаш бахор буду рафтанаш бод. Ва сузиши ишкаш тобистони умрамро тирамох карду калби сарди зимистониашро офтоб таъсире надошт..."
* * * * *
Борон рахи омаданамро шусту паи пои маро бурд. Ох чи гуна мурчаи хаёли ман рахи хонаатро меёбад...
* * * * *
Аз хама таронахоям, ки дар дафтар навиштаву равонат кардаам, дилат нарм нашуд. Баъди бист сол духтарат, ки хамсоли чавониат шуда буд, он дафтарро ёфту гирист ва дуо кард: Худо чазои он сангдиле, ки ба кадри ин таронаву таронанавис нарасидааст бидех.
Таронахоям гирист. Охир на инро мехостам...
* * * * *
Аз ман ба ёдгор дафтари таронахоямро гирифти, бо ин, ки на онхоро мехони ва на дустам дошти... Ва ман аз ту ёдгор гаматро гирифтаам, ки доимо ба огуш мегирамаш.


Комментариев нет:

Отправить комментарий