четверг, 31 марта 2011 г.

Резаҳо аз чумлаҳои зебо ва ашъори дилнишин


Бахил касест, ки дар салом кардан бухл варзад. (Ҳазрати Ҳусайн ибни Алӣ разияллоҳу анҳумо)
* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *
Ман ҳеҷ гуна истеъдоди барҷастае надорам, факат муштоқона кунҷковам. (Алберт Эйнштейн)
* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *
Зиндагӣ кутоҳ аст. Аммо тӯлонитарин чизест, ки дар ихтиёри мо инсонҳо қарор дорад.
* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *
Орзуву умед хамчун хун дар бадани одамӣ аст, ки агар набошад, қадаме ба пеш намеравад ва агар бошад ҷаҳонеро дигаргун месозад.
* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *
Бигуфтам рӯз бегоҳ асту раҳ бас дур; гуфто: рав,
Ба ман бингар, ба раҳ мангар, ки ман раҳро навардидам.
* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *
Байни шикасту пирӯзӣ як қадам бештар фосила нест, ва мардум аз тарси шикаст шикаст мехӯранд. (Наполеон Бонапарт)
* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *
Ба ҷои он, ки ба торикӣ лаънат фиристед, шамъе равшан кунед. (Кунфутсий)
* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *
Осмон фурсати парвози баландест,
Қисса ин аст, чӣ андоза кабӯтар бошӣ.
* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *
Бузургтарин нотавонии мо кӯтоҳ омадан аст. Амнтарин роҳ барои комёбӣ, талош барои як бори дигар аст. (Томас Эдисон)
* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *
Дарду ранҷ фикри инсонро қавӣ месозад.
* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *
Он кӣ интизор дорад ҳар чор фасли сол баҳор бошад, на худро мешиносад, на табиатро ва на зиндагиро. (Франсуа Волтер)
* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *
Ҳар дам салом орад, к-ин нома аз фалонист.
Гӯё салому коғаз дар шаҳри мо гарон аст.
* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *
Дар бахшидани хатои дигарон монанди шаб бош. Дар фурӯтанӣ монанди замин бош. Дар меҳру дустӣ монанди хуршед бош. Ҳангоми хашму ғазаб монанди кӯҳ бош. Дар саховат ва кӯмак ба дигарон монанди рӯд бош. Дар ҳамоҳангӣ ва канор омадан бо дигарон монанди дарё бош.
* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *
Агар қуллаҳои сангҳои зери ҷӯи об набуд, чи гуна тараннуми зебогии обро мешунидем. Ва агар сахтиҳои зиндагӣ набуд, чӣ гуна хубиҳои онро ҳис мекардем.
* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *
Гар мехоҳӣ бар касоне, ки ба ту бадӣ кардаанд, ғалаба кунӣ, аз онҳо ба хубӣ ёд кун. Бо торикӣ намешавад бар торикӣ ғалаба кард. Силоҳи муассир бар торикӣ нур аст.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *
Мо кору дукону пешаро сӯхтаем,
Шеъру ғазалу дубайтӣ омӯхтаем.
Дар ишқ, ки ҳам ҷону дилу дидаи мост,
Ҷону дилу дида, ҳар серо сӯхтаем.
(Мавлавӣ)
* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *
Дил мустаҳиқи ин ҳама озор набуд,
Бадбахти ту буду худ хабардор набуд.
Пеши касу нокас ин қадар хор набуд,
Ошиқ шуда буду ошиқӣ ор набуд.
Дил мустаҳиқи ин ҳама озор набуд...
* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *
من نمی دانم
که چرا می گویند اسب حیوان نجیبی است،
کبوتر زیباست
و چرا در قفس هیچکسی کرکس نیست
گل شبدر چه کم از لاله قرمز دارد
چشم ها را باید شست،
جور دیگر باید دید
واژه ها را باید شست
واژه باید خود باد، واژه باید خود باران باشد
چترها را باید بست زیر باران باید رفت
فکر را، خاطره را، زیر باران باید برد
با همه مردم شهر، زیر باران باید رفت
دوست را، زیر باران باید دید
عشق را، زیر باران باید جست
زیر باران باید بازی کرد
زیر باران باید چیز نوشت، حرف زد، نیلوفر کاشت
زندگی تر شدن پی در پی
زندگی آب تنی کردن در حوضچه “اکنون” است
...
سهراب سپهری‬

понедельник, 21 марта 2011 г.

خاطره

در گُذرگاهِ زَمان
خِيمه شَب بازي دَهر
روزها با هَمه تَلخي و شيرينيِ خود مي گُذَرَند
عِشق ها مي ميرند
رَنگ ها رنگِ دِگر مي گيرند
…وَ فَقَط خاطره هاست
كه چِه شيرين و چِه تَلخ
دَست ناخورده به جا مي مانَنَد ..

Наврӯз муборак!



Духтари борони фасли гулбаҳор,
Бӯса мезад шишаи мошини раҳ.
Ғунчаи андӯҳи ман дар шохи дил,
Нав ба нав мехӯрд аз ғам сад гираҳ.

Имшаби наврӯзи боронии ман,
Дар сабоҳ чун бар ду чашмам хира шуд.
Дарди ишқи поки ман эҳсос кард,
Дар ғамам чун соли кӯҳна тира шуд.

Ҳамраҳам наврӯз бигрист имшабам,
Чунки наврӯзи гузашта дида буд;
Ёри гулпӯшам дар оғӯшам чу буд,
Ҳамраҳи мо шед ҳам хандида буд.

Бо ҳамон мошин, ки наврӯз омада,
Зери борон боз бо шасти тамом.
Рафт андар чустучӯйи ёри ман,
То биёрад ёрро масти калом.

Зери борон, зери шохи ғарқгул,
Мунтазири мошини наврӯзиям.
То гуландоми гулоғӯши дилам,
Боз ояд пеши ман бо дилсӯзиям.

Ҳаббазо, наврӯз чашми гирябор,
Манъ карда суръати мошинааш.
Сар ба китфам монду аз ғам бедалел,
Мисли борон хун бирехт аз синааш.

Ин ману наврӯз бо абри баҳор,
Бо ҳазорон дарду ғам бо ҳамдигар.
Ҳамчунон дар зери шохи ғарқгул

(Ин шеърро аз як блоги нафаре гирифтаам. Мутаасифона муаллифашро намедонам. Агар касе донад шод мешавам, ки ба ман фиристад.)

пятница, 18 марта 2011 г.

Хилвати шаб

Дар хилвати шаб зи Ҳақ садо меояд.
Аз атри саҳар бӯи Худо меояд.
Бо гӯши дигар шунав ба ғавғои сукут,
К-аз мурғи шаб овози дуо меояд.



четверг, 10 марта 2011 г.

Сухани зебо


Гуфтамаш бе ту чӣ хоҳам кард?
Акси рухсораи моҳашро дод.
Гуфтамаш ҳамдами шабҳоям кӯ?
Торе аз зулфи сиёҳашро дод.
Вақти рафтан ҳамаро мебӯсид,
Ба ман аз дур нигоҳашро дод.
Ёдгоре ба хама доду ба ман,
Интизори сари роҳашро дод.
* * * * * * * * * *
Аз касе, ки дӯсташ медорӣ, осон даст накаш, шояд дигар ҳеҷ касро мисли ӯ дӯст надошта бошӣ. Ва аз касе ҳам, ки дӯстат медорад, бетафовут гузар макун. Чун шояд ҳеҷ вақт, ҳеҷ кас мисли ӯ туро дӯст надорад!
* * * * * * * * * *
Он кас, ки туро аз даст дод, киро ёфт? Ва он кӣ туро ёфт, киро аз даст дод?
* * * * * * * * * *
Одами боадаб дарвозаи дилҳоро ҳамеша кушода мебинад.
* * * * * * * * * *
Ҳиси гуруру худбини дар ҳама инсонҳо яксон аст. Тафовуташ танҳо дар чигунагии зуҳури он аст.
* * * * * * * * * *
Мардони комёб аксаран аз шикаст меваи пирӯзӣ чидаанд.
* * * * * * * * * *
Агар ҳаррӯза роҳро иваз кунӣ, ҳаргиз ба максад намерасӣ.
* * * * * * * * * *
Зиндагӣ чун гули сурхе аст пур аз баргу гул, ва пур аз атру пур аз хор. Пас агар хоҳем гул бичинем, атру хору гулу барг ҳама ҳамсояи девор ба девори ҳаманд.
* * * * * * * * * *
Don't wait for time, Make it
Don't wait for love, Feel it
Don't wait for money, Earn it
Don't wait for the path, Find it
Don't wait for opportunity, Create it
...Don't go for less, Get the best
Don't compare, Be unique
Don't fight your misfortune, Transform it
Don't avoid failure, Use it
Don't dwell on mistake, Learn from it
Don't back down, Go around
Don't close your eyes, Open your mind
Don't run for life, Embrace it...!!!
* * * * * * * * * * *
Он чӣ ҳастед, ҳадафатон набошад, балки он чӣ, ки метавонед бишаведро ҳадафатон қарор бидиҳед.
* * * * * * * * * * * *
3 роҳи осони марг вуҷуд дорад:
1: Ҳар рӯз сигор кашед, 10 сол пештар мемиред.
2: Ҳар рӯз шароб нӯшед, 30 сол пештар мемиред.
3: Касеро аз сидқи дил дӯст доред, ҳамон рӯз мемиред!
* * * * * * * * * * * *
Айби ҷомеа ин аст, ки ҳама дилашон мехоҳад, ки одами муҳиме бошанд, ва ҳеҷ кас намехоҳад, ки фарди муфиде бошад.
* * * * * * * * * * * *
Ҳеҷ гоҳ ба хотири надоштани чизе нороҳат набошед, балки ба хотири чизҳое, ки доред ҳамвора хушҳол бошед.

вторник, 8 марта 2011 г.

четверг, 3 марта 2011 г.

Баҳор


Инак, боз баҳор омад! Баҳоре, ки дер боз ҳама интизорӣ доштанд ва доштем. Харчанд имсол дар охири зимистон сардӣ гӯё аз нав бедор шуда бошад, ки ҳама ҷо сард аст, ин саҳар бӯи баҳор ба машомам расид. Аз роғи сардии ҳаво. Аз вазиши бод. Аз хониши паррандагон ҳангоми субҳгоҳон. Баҳор расид ва умедеро дар дилҳо зинда кард. Умеди кушоиши муғчагон ва шукуфтани гулҳо. Дар дасти писарбачагон гули сиёҳгӯшро дидам ва пайки некаш шинохтам. Пайки баҳори нек. Мегӯянд: "Соле, ки накӯст, аз баҳораш пайдост."
Оре, ин баҳорро нек дарёфтам. Бо ҳама омаданҳош. Бо барфҳои бокимонда ба паскӯчаҳо. Гурехта аз офтоби гармаки аввали баҳораш. Бо гули сиёҳгӯш ва бо вазиши боду хониши паррандагонаш.
Баҳорро ба ҳамаи Шумо азизони дилу дида муборакбод мегӯям!!! Баҳоратон ҳуҷаста бод!

четверг, 24 февраля 2011 г.

Таронае...


Мехостам барои аз даст доданаш гиря кунам, вале афсӯс барои ба даст оварданаш тамоми ашкҳоямро рехта будам. Ҳадяе аз гули сурх барояш фиристодам. Гуфт: -Гул барои чист? Ман, ки туро дӯст надорам. Гуфтам: -Магар ин нест, ки гулро бар руи гӯристон мениҳанд? Гуфт: -Чаро? Гуфтам: -Пас ин гулро рӯи синаат бигзор, ки гӯристони ишқи ман аст.
* * * * * * * * * * * * * * * * * * * *
Кош медонистам, пушти шишаҳои дилам кадомин ганчро чӯстучӯ мекардӣ, ки ингуна ба шикастанаш исрор мекардӣ.
* * * * * * * * * * * * * * * * * * * *
Тирамоҳ туро дидам. Зимистон ошиқат шудам. Баҳор туро аз даст додам. Тобистон месӯзам.
* * * * * * * * * * * * * * * * * * * *
Ба як нигоҳат ошиқ шудам. Барои як хандаат чон додам. Бӯсаеро чи гуна метавонам харидорӣ намоям, ки дигар ҳеч чизам намонда аст.
* * * * * * * * * * * * * * * * * * * *
Медонӣ азизам,чаро занбӯр гулро дӯст медорад? Ба он хотир, ки аз лабонаш асал мегирад. Гул барояш беҳтарин қасрро мемонад. Зебоиҳо ва хушбӯиҳои хар як қатраи оби гулро занбӯр гулоб мешуморад ва асал аз гул омода месозад. Занбӯр шӯҳрат дорад на гул. Чӣ мешавад,азизам, ки ман нақши занбӯрро бибозам? (Сайфуллох)

воскресенье, 20 февраля 2011 г.

!اي آرزوي من


!اي آرزوي من

تو آن هماي بخت مني كز ديار دور
پرپر زنان به كلبه ي من پر كشيده اي
بربامم اي پرنده ي عرشي خوش آمدي
در كلبه ام بمان اي آنكه همچو من
يك آشيان گرم محبت نديده اي
با من بمان كه من يك عمر بي اميد
همراه هر نسيم به گلزار عشق ها
در جستجوي يك گل خوشبو شتافتم
مي خواستم گلي كه دهد بوي آرزو اما نيافتم
شبهاي بس دراز با ديدگان مات
بر مركب خيال نشستم اميدوار
دنبال يك ستاره فضارا شكافتم
مي خواستم ستاره ي اميد خويش را اما نيافتم
بس روزهاي تلخ و غمگين و نامراد
همراه موجهاي خروشان بي امان
تا عمق بي كرانه ي دريا شتافتم
شايد بيابم آن گوهري كه خواستم اما نيافت

среда, 16 февраля 2011 г.

Моей жене



Моя прекрасная, родная,
Мой нежный, ласковый цветок,
Я по тебе всегда скучаю,
Мой ненаглядный мотылёк.

Меня чаруешь своим взором,
Меня пленишь своей красой
И радуешь своим задором,
Моя жена и друг родной.

Тебя люблю я в час покоя,
Когда ты нежно мило спишь,
Тебя люблю я днём лучистым,
Когда ты сладко говоришь.

С тобой мне так приятно вместе
Сидеть, ходить и говорить.
В твои глаза смотреть и слушать,
И от души тебя любить.

Ты у меня родной букетик,
Чудесный, нежный, дорогой,
Благоухаешь словно цветик,
Вся прелесть лишь в тебе одной.

Тебя ведь просто не возможно,
Забыть, не помнить, не любить.
Парою так бывает сложно
Секунды без тебя прожить.

Будь ты всегда такой родною
Будь ты нежна, как первоцвет,
Будь ты прекрасна как зимою,
Прекрасен солнца тёплый свет.

Пусть в твоём чутком, милом сердце
Не гаснет Веры яркий луч,
Пусть Сам Всевышний Нам поможет
Пройти сквозь испытаний гущ.

Пусть будут в дунья испытания,
Которые нам суждены,
Но раз живём мы в этом мире,
То значит мы прожить должны

Достойно, что бы встав с могилы
И отдавая свой отчёт,
Мы все смогли сказать, что жили
И не вели благого счёт.

Что мы скучали по Джаннату,
Надеясь все туда попасть,
И быть покорными Аллаху
Стремились, подавляя страсть.

Зауджати милая, родная,
Прошу Аллаха вновь и вновь,
Пусть твоим сердцем овладеет,
К Аллаху вечная любовь,

Богобоязненность и крепость
Всегда там будут у тебя,
Надежда лишь на Его Милость,
Я для тебя прошу любя.

Пусть нас Аллах в тот День страшнейший
Своею милостью простит,
И пусть в садах Эдэма вечных
Он сново нас соединит.

Тебе спасибо мой хрусталик,
За все старания твои
За то, что ты своим свечением
Держишь в семье огонь любви,

За то, что как бы не старался
Сломить шайтан тебя с пути,
Ты луч имана в нашем доме,
Со мной пытаешься нести.

И пусть за все твои старания
За все труды , переживания,
За все терпения, испытания,
Наградой будет Вечный РАЙ.

воскресенье, 13 февраля 2011 г.

Резаҳо аз ҳар тараф


Зиндагӣ гули садбарги сурхест, ки гулбаргҳояш хаёлӣ ва хорҳояш воқеиянд.
* * * * * * * * * * * * * *
Агар ишқ биварзед, мегўянд, ки сабукмағзед…
Агар шод бошед, мегўянд, ки соддалавҳу пешпоафтодаед…
Агар саховатманду навъдўст бошед, мегўянд, ки машкукед…
Агар гуноҳони дигаронро бибахшед, мегўянд, ки заиф ҳастед…
Агар итминон кунед, мегўянд, ки аҳмақед…
Агар талош кунед, ки ҷамъи ин сифотро дар худ гирд оваред, мардум тардид нахоҳанд кард, ки фиребгару ҳуққабозед.
* * * * * * * * * *
Рўзе, ки аз ҳам ҷудо шудем, як рўзи борониву офтобӣ буд. Парандагон ҳама шод буданд, аммо ман ба танҳоӣ ашк намерехтам, оре ту ҳам! Ҳар дўстӣ ҷудоӣ дорад ва ҳар таваллуд марг дорад.
* * * * * * * * * *
Гуфтам: Ѓуруби ғаматро ба ҳар баҳое харидорам, мефурўшӣ? Гуфт: Намефурўшам. Гуфтам: Чаро? Гуфт: Зиндагии бе ғам маъно надорад.
* * * * * * * * * *
Дидани лабханди онҳое, ки ранҷ мекашанд, аз дидани ашкҳояшон дардноктар аст.
* * * * * * * * * *
Ҳамеша саъй кун, бо касе дўст шавӣ, ки дилаш бузург бошад. Чун худатро барои вуруд ба қалбаш кучак накунӣ.
* * * * * * * * * *
Гуфтанд: Чиҳил шаб ҳавлии хонаатро ҷорўб кун. Шаби чиҳилумин Ҳазрати Хизр хоҳад омад. Чиҳил шаб хонаамро рўфтаму рўбидам, аммо Ҳазрати Хизр наомад. Зеро фаромўш карда будам, ки ҳавлии хилвати диламро ҷорўб кунам.
* * * * * * * * * *
Зиндагӣ мисли бозии шатранҷ аст. Агар бозӣ карда натавонӣ, ҳама мехоҳанд ёдат бидиҳанд. Ваќте ҳам, ки ёд гирифтӣ, ҳама мехоҳанд, шикастат бидиҳанд.
* * * * * * * * * *
Зиндагӣ, яъне бозӣ. Се, ду, як!.. Савти довар… Бозӣ шурўъ шуд!!! Давидӣ, дасту по задӣ, ғарқ шудӣ, дил шикастӣ, ошиқ шудӣ, бераҳм шудӣ, меҳрубон шудӣ… Бача будӣ, бузург шудӣ, пир шудӣ. Савти довар… Бозӣ тамом шуд!!!... Зиндагиро бохтӣ.
* * * * * * * * * *
Кўтоҳтарин роҳи ишқ варзидан, нигоҳе аст, ки холису бе риё тавъам бо ишқ бошад…
* * * * * * * * * *
Нигоҳатро ба касе дўз, ки қалбаш барои ту битапад. Чашмонатро ба нигоҳи касе ошно кун, ки зиндагиро дарк карда бошад. Саратро рўи шонаҳои касе бигзор, ки аз садои тапишҳои қалбат туро бишносад. Оромиши нигоҳатро рав ба қалбе пайванд бизан, ки бериётарин бошад. Лабхандатро нисори касе кун, ки дил ба замин надода бошад. Рўёатро рав ба чеҳраи касе тасвир кун, ки зебоиро эҳсос карда бошад. Чашм ба роҳи касе бош, ки туро интизорӣ кашида бошад. Аммо ошиқи касе бош, ки так-таки сулулаҳои баданаш тақаддуси ишқро дарк кунад.
* * * * * * * * * * * * *
Як лаҳза тўл мекашад, то аз касе хушат биояд. Як дақиқа тул мекашад, то якеро бипечонӣ. Як соат тўл мекашад, то якеро дўст дошта бошӣ. Як рўз тўл мекашад, то дилат барои яке танг шавад. Як ҳафта тўл мекашад, то ба яке одат кунӣ. Камтар аз як моҳ тўл мекашад, то ошиқи яке бишавӣ. Аммо як умр тўл мекашад, то фаромўшаш кунӣ.
* * * * * * * * * * * *
Духтаре аз писаре пурсид:
-Ман зебоям?
Гуфт: - На!
Гуфт: - Дўстам дорӣ?
Гуфт: -Хеч.
Гуфт: -Агар бимирам, бароям гиря мекунӣ?
Гуфт: -Асло!
Духтарак чашмонаш пур аз ашк шуду хеч чиз нагуфт.
Писар ўро ба багал гирифту гуфт:
-Ту зебо нести, Зеботаринӣ!
-Туро дўст намедорам, чун ошикат хастам!
-Агар ту бимирӣ, бароят гиря намекунам, чун ман низ мемирам.

вторник, 8 февраля 2011 г.

Аз ашъори Низомӣ


Дилбаре дорам, ки аз гул беҳтар аст,
Сураташ аз барги гул нозуктар аст.
Гуфтамаш: рўят бибўсам ё ки лаб?
Гуфт: ошиқ, ҳар кадом ширинтар аст.
Он қадар бўсидамаш, то хаста шуд,
Хаста аз бўсидани пайваста шуд.
Хост то лаб бар шикоят во кунад,
Лаб ниҳодам бар лабаш, то баста шуд.
* * * * * * * * * * * *
Порча аз достони "Лайлӣ ва Маҷнун" Аз Муртазо Абдулилохии Шоир.
Як шабе Маҷнун намозашро шикаст,
Бе вузўъ дар кўчаи Лайло нишаст.
Ишқ он шаб масти масташ карда буд,
Фориғ аз ҷоми аласташ карда буд.
Саҷдае зад бар лаби даргоҳи ў,
Пур зи Лайло шуд дили пуроҳи ў.
Гуфт: Ё Раб! Аз чӣ хорам кардаӣ?
Бар салиби ишқ дорам кардаӣ?
Ҷоми Лайлоро ба дастам додаӣ,
В-андар ин бозӣ шикастам додаӣ.
Нештари ишқаш ба ҷонам мезанӣ,
Дардам аз Лайлост, онам мезанӣ.
Марди ин бозича дигар нестам.
Ин туву Лайлои ту… ман нестам.
Гуфт: Эй девона! Лайлоят манам.
Дар раги пинҳони пайдоят манам.
Солҳо бо ҷаври Лайло сохтӣ,
Ман канорат будаму нашнохтӣ.
Ишқи Лайло дар дилат андохтам,
Сад қимори ишқ як ҷо бохтам.
Кардамат овораи саҳро нашуд,
Гуфтам, оқил мешавӣ, аммо нашуд.
Сўхтам дар ҳасрати як Ё Рабб-ат,
Ѓайри Лайло барнаёмад аз лабат.
Рўзу шаб ўро садо кардӣ, вале,
Дидам имшаб бо манӣ, гуфтам бале.
Мутмаин будам ба ман сар мезанӣ,
Дар ҳарими хонаам, дар мезанӣ.
Ҳоли ин Лайло, ки хорат карда буд,
Дарси ишқаш беқарорат карда буд.
Марди роҳаш бош, то шоҳат кунам.
Сад чу Лайло кушта дар роҳат кунам.
* * * * * * * * * * *
Як шабе Маҷнун ба хилватгоҳи роз,
Гуфт, эй Парвардигори бениёз,
Номам аз баҳри чӣ Маҷнун кардаӣ,
Дар ғами Лайлӣ дилам хун кардаӣ.
Мебарӣ шабҳо ба гардун нолишам,
Кардӣ аз хори мағелон болишам.
Ҳотифе гуфташ, ки эй марди ғариб,
Аз муҳаббат кардамат ин ғам насиб,
Айби Лайлӣ нест, ин кори ман аст,
Ҳусни хубон, акси дидори ман аст.